расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Наврӯз аввал Тотошка, баъд Катяю Лизаро кушту хонаро оташ зад

Асосӣ / Ҷомеа

Наврӯз аввал Тотошка, баъд Катяю Лизаро кушту хонаро оташ зад


Рӯзи 17 июн додгоҳи Маскав як марди 27-соларо бо ҷурми куштори модару духтар ва саги онҳо дар минтақаи Новая Москва ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ба зидди марди дастгиршуда бар асоси қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштори ду нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Мақомоти тафтишотӣ исми гумонбаршаванда ва қурбониёнашро нашр накардаанд, вале нашрияи «Комсомольская правда» хабар дод, ки ӯ зодаи Тоҷикистон Наврӯз Ҷумъаев ном дошта, субҳи 15 июн зани 44-солаи ҳамзисташ Екатерина Сергиевская, духтари 22-солаи вай Елизавета ва саги навъи такса бо лақаби Тотошкаро кушта, сипас хонаро оташ задааст, то изи ҷинояти худро бипӯшонад, вале хеле зуд дастгираш кардаанд.

Раёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки бар асоси фарзияи тафтишот, субҳи барвақти 15 июн дар як манзил дар кӯчаи Дзержинскийи шаҳраки Кокошкино дар минтақаи Новая Москва марди дастгиршуда зани 44-солаи ҳамзисташ ва духтари 22-солаи ӯро бо ҷароҳатҳои зиёди халандаю буранда ба қатл расонда, сипас санадҳо, телефонҳои мобил, ноутбук ва ҷавоҳироти ин ду занро гирифта, хонаро оташ зада, фирор кардааст.

Сарчашма: pressa.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.