расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тоҷикистон тибқи як созиш ба Қазоқистон 315 миллион метри мукааб об медиҳад, Қазоқистон чӣ?

Асосӣ / Сиёсат / Иқтисодиёт

Тоҷикистон тибқи як созиш ба Қазоқистон 315 миллион метри мукааб об медиҳад, Қазоқистон чӣ?


Қазоқистон хостааст, ки моҳҳои июн-август Тоҷикистон  барояш аз обанбори “Баҳри тоҷик” 315 миллион метри мукааб оби полезӣ бидиҳад. Дар ин бора созиши миёни Вазоратҳои обу энергетикаи ду кишвар ҳосил шудааст.
Ин созиш дар мулоқоти вазири экология ва захираҳои табиии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Душанбе ба имзо расидааст.
Ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти ин созишномаро расонаӣ накардааст, ки бар ивази оби “Баҳри тоҷик” Қазоқистон чӣ имтиёзе ба Тоҷикистон хоҳад дод?  Аммо  Магзум Мирзагалиев, вазири экология ва захираҳои оби Қазоқистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст онҳо бар ивази ин об “кӯмакҳои моддиву фаннӣ” мерасонад.

Хабаргузории қазоқии nur.kz бегощии 1-уми июн навишт, ки имсол дар ҳавзаи рӯдхонаи Сирдарё норасоии об мушоҳида мешавад ва аз ин рӯ мушкилии обёрӣ дар кишварҳои поёноб, аз ҷумла Қазоқистон ба миён омадааст. Аз ин рӯ Қазоқистон дар мавриди таъмини оби полезӣ бо Тоҷикистон ба мувофиқа расидааст.

Ба навиштаи хабаргузорӣ Мирзагалиев гуфтааст Қазоқистон дар ивази оби полезӣ ба Тоҷикистон дар сурати паёмадҳои манфии камобӣ иловатан ба обанбори “Баҳри тоҷик” кӯмак мекунад. Ӯ гуфтааст ин кӯмакҳо метавонад моддиву фаннӣ бошад.   
Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон то ҳол дар мавриди созишномаи дуҷониба чизе нагуфтаанд.

Аммо Ҳалим Ҳоҷиев, муовини раиси Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ба эҳтимоли зиёд Қазоқистон ба мисли Ӯзбекистон бар ивази оби обанбори “Баҳри тоҷик” кӯмак мекунад.  Ӯ гуфт соли 2020 дар асоси созишнома Ӯзбекистон аз обанбори “Баҳри тоҷик” барои обёрии заминҳояш об гирифт ва бар иваз нассосҳои обкашӣ ва сӯзишвории дизелӣ дод.

"Соли гузашта Ӯзбекистон бар ивази оби обанбори "Барқи тоҷик" ба мо 20 нассоси обкашӣ барои ҷоҳи амудӣ, 5 нассоси СМП ва 20 тонна сӯзишвории дизелӣ дод. Ҳоло Қазоқистон ҳам дар навбати худ гуфта истодааст, ки ёрӣ мекунад. То он ҷое, ки фаҳмидам Қазоқистон низ, эҳтимолан сӯзишвории дизелӣ диҳад".


Аз оби рӯдхонаи Сирдарё ба ҷузъ Тоҷикистон ҳазорҳо гектар заминҳои кишварҳои поёноби Ӯзбекистону Қазоқистон обёрӣ мешавад. Тоҷикистон ба хотири ҷумҳуриҳои поёноб ҳамасола дар обанбори “Баҳри тоҷик” об захира мекунад. Ҳалим Ҳоҷиев мегӯяд, то 1-уми июн дар ин обанбор  3 миллиарду 482 миллион метри мукааб об захира кардаанд ва эҳтимол аз 15-уми июн барои обёрии заминҳои Қазоқистон партоби об аз обанборро зиёд кунанд.  Ӯ гуфт ҳоло захираи об хуб аст ва оби зеризаминии гирду атрофи “Баҳри тоҷик” баланд мешавад, барои обанбор зиёновар аст.   

Оби рӯдхонаи Сирдарё чаҳор кишвари Осиёи Миёнаро бо об таъмин мекунад ва соли 2010 созишномаи додуширифти об бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон бар ивази оби "Барқи тоҷик", ба ҷузъ ёриҳои моддиву фаннӣ аз канали калон ва шимолии "Фарғона" ба заминҳои ноҳияи Ашту Конибодом низ об медиҳад.

Феълан, Тоҷикистон, бино ба гуфти масъулини идораи беҳдошти замин ва захираҳои оби вилояти Суғд, аз обанбори “Баҳри тоҷик” дар як сония 50 куб об ба рӯдхонаи Сирдарё об мепартояд. Аз ин миқдор, ҳудуди 60-70 куб об барои заминҳои Зафарободу Мастчоҳ ва обанбори “Фарҳод”  гирифта мешавад ва боқимондаи он, ҳудуди 190 куб об ба Ӯзбекистону Қазоқистон меравад. 

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.