расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Оё Рустами Эмомалӣ дар мансаби президенти ФФТ боқӣ мемонад?

Асосӣ / Сиёсат

Оё Рустами Эмомалӣ дар мансаби президенти ФФТ боқӣ мемонад?

Конфронс нимаи моҳи декабр дар маҷмааи “Кохи Наврӯз” доир мегардад.

Ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед МИрзо (аз рост) ва ноиби президенти Федератсия Дилшод Ҷӯразода (азч чап)
Сурат: ФФТ
Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзномаи Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияро тасдиқ намуд, ки дар он роҳбари ташкилот интихоб мешавад.
Конфронси Федератсия рӯзи 16 декабр дар маҷмааи “Кохи Наврӯз” дар пойтахт баргузор мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар конфронс аз фаъолияти ташкилот дар давраи солҳои 2016-2019 натиҷагирӣ шуда, ба Оинномаи ФФТ тағйироту иловаҳо ворид мегарданд.
Инчунин дар ҷараёни кори конфронс президент ва ноибони президенти Федератсия интихоб карда мешаванд.
Айни замон Федератсияро Рустами Эмомалӣ роҳбарӣ карда, муовини аввали ӯ Хуршед Мирзо, муовинонаш - Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов мебошанд. Давлатманд Исломов ба ҳайси котиби генералии Федератсия кор мекунад.
Қобили зикр аст, ки бори охир конфронси ҳисоботӣ-интихоботии ФФТ аввали соли 2016 доир гардида буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.