расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парлумонии СААД иштирок ва суханронӣ намуданд

Асосӣ / Сиёсат

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парлумонии СААД иштирок ва суханронӣ намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи 13-уми пленарии Ассамблеяи мазкур, ки дар шакли видеоконференсия сурат гирифт, ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат хабар доданд.
Дар ҷараёни кори ҷаласаҳои зикршуда дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаҳои корҳо оид ба амалигардонии афзалияти раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ, лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои солҳои 2021-2025 ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ суханронӣ намуда, бо дарназардошти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод карданд, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шашмоҳаи якуми соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шавад.
Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд.
Аз рӯи масъалаҳои дигари муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.