расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз ИДМ тариқи онлайн суҳбат мекунад

Асосӣ / Сиёсат

Сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз ИДМ тариқи онлайн суҳбат мекунад

Бо сабаби вазъи мушкили эпидемиологӣ вохӯрӣ бори нахуст дар чунин шакл сурат мегирад.

Сурат: akhbor-rus.com
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳафтаи оянда бо ҳамтоҳои худ аз ИДМ мулоқот мекунад. Ӯ рӯзи 6 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои Иттиҳод тариқи онлайн иштирок мекунад.
Сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳод бинобар сабаби вазъи мушкили эпидемиологӣ бори нахуст дар чунин шакл вомехӯранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи якуми стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030 баррасӣ мешавад.
Дар ҷаласа инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи аввал (солҳои 2021-2025)-и стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Қобили зикр аст, ки қаблан баргузории ҷаласа дар Тошканд пешбинӣ гардида буд, зеро раёсати Итиҳодро соли ҷорӣ Ӯзбекистон бар дӯш дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.