расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

Асосӣ / Сиёсат

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони президенти кишвар идома дорад.

Сурат: pamir04.ru
Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро табрику таҳният гуфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон дар барқияаш гуфтааст, ки “Ҷаноби Олӣ, самимонатарин табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби  Олӣ ба муносибати ба даст овардани эътимоди бузург аз тарафи мардуми Тоҷикистон дар интихоботи  президентӣ, ки ба наздикӣ гузашт ва барои ваколати наватон дар самти роҳбарӣ ба кишвар барои беҳбудии халқҳои тоҷик иброз медорам”.
Дар табрикот зикр шудааст, ки шарики деринаи Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд  (АКДН) минбаъд низ ӯҳдадории қавии худро  барои  идомаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати кишвар  дар расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи Миллии Рушд  муайяншуда ва баланд бардоштани сифати зиндагии  тамоми мардуми Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
“Дуоҳои ман ва орзуҳои неки гарми ман Шуморо, Ҷаноби Олиро барои муваффақият ва хушбахтӣ дар иҷрои вазифаҳои мансаби олиятон ва сулҳу пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд”, - илова намудааст дар охир Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV.
Ҳамзамон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардида истодаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.