расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Шоҳмотбозони Душанбе бори дуюм пайдарпай соҳиби Ҷоми Пешвои миллат шуданд

. / Варзиш

Шоҳмотбозони Душанбе бори дуюм пайдарпай соҳиби Ҷоми Пешвои миллат шуданд

Маблағи мукофотпулии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сурат: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон
Дар Душанбе мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат бо фонди ҷоизавии 100 ҳазор сомонӣ ба итмом расид. Байни шоҳмотбозони касбӣ дастаи Душанбе-1 ва дар мусобиқаи байни дӯстдорони шоҳмот дастаи вилояти Суғд ғолиб омаданд.
Мусобиқа моҳи июн дар сатҳи маҳаллӣ байни хонандагону омӯзгорони мактабҳои миёнаву олӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо оғоз гардида, моҳи декабр бо иштироки дастаҳои мунтахаби минтақаҳо - 2-дастагӣ аз Душанбе ва Хатлон ва 1-дастагӣ аз вилояти Суғду ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ марҳилаи финалии мусобиқа доир гардид.
Asia-Plus
Дар мусобиқа байни шоҳмотбозони касбӣ зинаи аввалро бо касби 12 имтиёз (ғалаба дар ҳамаи 6 бозӣ) дастаи Душанбе-1, зинаи дуюму сеюмро бо касби 9-имтиёзӣ дастаҳои Душанбе-2 ва вилояти Суғд ишғол намуданд.
Дар мусобиқа миёни дӯстдорони шоҳмот ба мақоми аввал дастаи вилояти Суғд, зинаи дуюм - дастаи ноҳияҳои тобеи марказ ва Хатлолн-2 соҳиб шуданд.
Дар ҳисоби шахсӣ зинаи аввалро Аъзам Юнусов (Бохтар) ва Адиба Мақсудшоева (ВМКБ) касб намуданд.

Дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов қайд кард, ки созмондиҳандаи мусобиқа Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
“Ин мусобиқаи дуюми шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат аст, - гуфт ӯ. - Аз ин ба баъд мусобиқа анъанавӣ хоҳад шуд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.