расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард

Сиёсат / Ҷаҳон

Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард

Сергей Шойгу, ҳамакнун собиқ вазири дифои Русия ва яке аз ёрони наздики Владимир Путин, раиси ҷумҳур, баъди истеъфои кобинаи ҳукумати ин кишвар, дигарбора ба курсии вазири дифоъ таин нашуд. Ҷойи ӯро дар ин маснад Андрей Белоусов гирифт. 
Ҳукумати Русия баъди сайгандёдкунии Владимир Путин дар рӯзи 7-уми май ба истеъфо рафт. Аксари узви ҳукумати истеъфорафта дигарбора ба вазифаҳои худ таъин шуданд, аммо Сергей Шойгу, нафаре, ки вазорати дифои Русияро 12 сол инҷониб роҳбарӣ мекард ва яке аз ёрони наздики Владимир Путин гуфта мешавад, дигар ба маснади вазири дифоъ таъин нашуд.
Бо бо фармони Путин ҳамакнун Шойгу ба ҷойи Николай Патрушев дабири Шӯрои амнияти Русия таъйин гардид. Мансаби нави Патрушев, ки низ аз ёрони қадимаи раиси ҷумҳур дониста мешавад, то ҳол маълум нест.
Андрей Белоусов, ки вазири дифои нави Русия таъин шуд, то ин замон дар курсии муовини аввали сарвазир фаъолият дошт.
Бояд зикр кард, ки Сергей Шойгу яке аз муассисони ҳизби ҳокими “Русияи воҳид" аст, ки нерӯи аслии ҷонибдори Путин ба шумор меравад.
Тағйири вазири дифои Русия дар ҳоле рух додааст, ки рӯзи 24-уми апрел муовини вазири дифоъ Тимур Иванов ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуд. Ӯ дар моҳи майи соли 2017 бо ҳукми президенти Русия муовини вазири дифои Русия таъйин шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.