расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ОШКОР ШУДАНИ ДУ ҚАЛЛОБИИ ҲАР КАДОМАШ БА МАБЛАҒИ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ

Асосӣ / Иқтисодиёт

ОШКОР ШУДАНИ ДУ ҚАЛЛОБИИ ҲАР КАДОМАШ БА МАБЛАҒИ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ

ОШКОР ШУДАНИ ДУ ҚАЛЛОБИИ ҲАР КАДОМАШ БА МАБЛАҒИ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти ду нафаре хабар дод, ки якеаш ба қаллобӣ ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ ва дуюмӣ ба қаллобӣ ба маблағи як миллион сомонӣ айбдор мешаванд. Бино ба иттилои милитсия, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур дар ин хусус ворид гардидааст, ки моҳи марти соли 2022, марди 44-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 80 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз биноҳои навсохтмони шаҳри Турсунзода манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Инчунин, гумонбаршаванда 20-уми ноябри соли 2023, дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаҳои «Ҳундай-Соната» ва «Ауди», ки арзиши умумиашон 215 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додааст, ки дар ивази мошинҳо аз биноҳои навсохтмони шаҳри Турсунзода барояш манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми декабри соли 2023, марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як мошинитамғаи «БМВ-Х5»-ро ба маблағи 1 миллион сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 113 тонна масолеҳи сохтмонии арматураоварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.