ШАРҲИ РАСМӢ: ДАР МУЛОҚОТИ ЯТИМОВ ВА РАҲИМЗОДА ДАР ХОРУҒ ЧӢ ГАП ШУД?

Бино ба изҳороти прокуратураи вилоят, дар мулоқоти 13 декабр “бори дигар таъкид гардид, нисбат ба ашхоси муддати дароз дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта, ки новобаста аз пешниҳоди даъватнома ба назди мақомоти тафтишотӣ ҳозир намегарданд, тибқи қонун чораҳои ба тарзи маҷбурӣ таъмин кардан барои тафтишот татбиқ карда хоҳанд шуд.”
“Иштирокчиёни вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки раванди ҳаракатҳои тафтишотӣ тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ идома дода мешавад”, – гуфта мешавад ҳамчунин дар ин изҳорот.
Бино ба иттилои расмӣ, дар рафти вохӯрӣ ҳисоботи муфассали прокурори вилоят дар бораи пешбурди ҳаракатҳои тафтишотӣ вобаста ба амалҳои ҷиноятӣ ва ғайриқонунии содиршуда дар ҷараёни ҳодисаҳои 25-28-уми ноябри соли ҷорӣ, ташхисоти анҷомёфтаи судӣ, ҳамкориҳо байни аъзои гурӯҳи тафтишотӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шунида шуда, сипас Рамазон Раҳимзода ва Саймумин Ятимов ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ барои кумакашон баҳри ба эътидол овардани вазъият изҳори сипос намуда, андешаю пешниҳодҳои худро дар масъалаҳои вобаста ба таъмини волоияти қонун, роҳҳои қонунии ҳалли мушкилоти ҷойдошта изҳор доштаанд.
Бино ба баёнияи прокуратураи вилоят, аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуқуқшиносон Холиқназаров Манучеҳр ва Муборакшоён Музаффар баромад карда, “оид ба рафти корҳои тафтишотӣ қаноатмандии худро баён намуданд ва ҳамзамон, ба баъзе саволҳои додаи худ аз иштирокчиён ва гурӯҳи тафтишотӣ посух гирифтанд.”