расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Нишасти СҲИ дар Исломобод доир мешавад: аз умеди толибон то норозигии Ҷабҳаи муқовимат

Сиёсат / Ҷаҳон

Нишасти СҲИ дар Исломобод доир мешавад: аз умеди толибон то норозигии Ҷабҳаи муқовимат

Раиси Маркази тадқиқот ва стротежии вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, вазъи молӣ, бонкҳо ва ба эътидол овардани равобити Афғонистон бо ҷаҳониён дар дастури муҳими ин нишаст аст

Ҳафтаи оянда дар Исломобод нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои исломӣ дар бораи Афғонистон баргузор мешавад, хабар медиҳад TOLOnews.

Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, ки толибон ба ин нишаст даъват шудаанд ва гуфтааст, ки дар ин нишаст иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷа ширкат хоҳад кард.

Намояндаи Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, вазъи молӣ, бонкҳо ва ба эътидол овардани равобити Афғонистон бо ҷаҳон аз ҷумлаи масоили муҳими рӯзномаи ҷаласа аст.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз сиёсатмадорон нишасти Исломободро барои Афғонистон муҳим медонанд.

»Вазъи молӣ, бонкҳо ва ба эътидол овардани равобити Афғонистон бо ҷаҳон аз мавзӯъҳои ин нишаст аст ва мо ба унвони вазорати хориҷа дар он саҳм дорем», — гуфтааст, Валиуллоҳ Шоҳин, мудири бахши стратегии Вазорати хориҷаи толибон.

Аз сӯйи дигар, расонаҳои покистонӣ гузориш додаанд, ки ба ҷуз аз вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲИ, намояндагони Амрико, Русия, Чин, Бритониё, Иттиҳодияи Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва намояндагони кишварҳои кумаккунанда низ даъват шудаанд.

Аммо Покистон барои мизбонии ин ҳамоиш чӣ мехоҳад? Тоҳир Хон, рӯзноманигори покистонӣ гуфтааст, ки Покистон мехоҳад кишварҳои сарватманд ба Афғонистон кумак кунанд ва аз бӯҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд.»

Сайид Исҳоқ Гелонӣ, раҳбари Ҷунбиши ҳамбастагии Афғонистон низ ин нишастро муҳим хонд.

»Бисёре аз кишварҳои исломӣ бо Афғонистон равобит надоранд. Умедворам, ки ин кишварҳо равобити худро эҳё мекунанд ва тасмими дастаҷамъона дар мавриди ба расмият шинохтани Афғонистон мегиранд», — гуфтааст ӯ.

Қаблан толибон аз кишварҳои узви СҲИ даъват карда буданд, ки онҳоро ба расмият шиносанд ва ҳимоят кунанд.

Қаблан Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон бошад, дар баёнияе аз нишасти Шӯрои вазирони СҲИ истиқбол карда ва таъкид кардааст, ки ин шӯро набояд аз қонунӣ шудани низоми толибон, ки то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст, ҳимоят кунад.

Дар изҳорот омадааст, ки Ҷабҳаи Муқовимат бар ин назар аст, ки чунин як конфронси муҳим бояд дар ҷои дигаре ба ҷуз Покистон баргузор шавад, ки ба вазъи фоҷиабори Афғонистон ва ранҷу азоби мардуми он рабте надорад.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.