расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Нигаронии кишварҳо аз куштори низомиёни пешин дар Афғонистон ва вокуниши толибҳо

Сиёсат / Ҷаҳон

Нигаронии кишварҳо аз куштори низомиёни пешин дар Афғонистон ва вокуниши толибҳо

Толибҳо ба баёнияи муштараки як гуруҳ кишварҳои ҷаҳон, ки аз қатли низомиёни пешин дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд, вокуниш нишон додааст

Толибҳо иддаои қатли низомиёни пешини Афғонистон бидуни муҳокимаро бепоя хонда, таъкид мекунанд, ки ба афви умумии эълоншуда мутааҳҳид мебошанд.

Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии ҳукумати нав дар Афғонистон дар вокуниш ба нигарониҳои кишварҳои ҷаҳонӣ гуфтаст, ки агар аъзои нерӯҳои «аморати исломӣ» аз фармони афви умумӣ сарпечӣ кунанд, ба бархӯрди қонунӣ ва муҷозот мувоҷеҳ мешаванд, навиштааст Sputnik Афғонистон.

Манбаъ аз қавли Балхӣ таъкид намудааст, ки рӯйдодҳо ба таври ҷиддӣ баррасӣ мешаванд ва шоеоти беасос қобили эътироз нестанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ИМА ва 20 кишвари дигар дар як баёнияи муштарак дар мавриди куштори низомиёни давлати пешин ба дасти толибҳо ибрози нигаронӣ карданд. Дар баёния таъкид шудааст, ки омилони ин куштор бояд муҷозот шаванд.

Зикр гардидааст, ки чунин аъмоли ҳукуматдорони нав дар Афғонистон нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар буда, бо гуфтаҳояшон дар мавриди афви умумӣ дар таззод мебошанд.

«Мо аз толибҳо мехоҳем, ки афвро барои аъзои собиқи нирӯҳои амнияти Афғонистон ва мақомоти давлати собиқ ба таври муассир иҷро кунанд, то итминон ҳосил шавад, ки афв дар саросари кишвар амалӣ мешавад», — омадааст дар баёнияи муштарак.

Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукуматро дар Афғонистон нимаи августи соли равон ғасб карда, аз анҷоми ҷанг хабар доданду таъкид намуданд, ки дар кишвар афви умум эълон шудаст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз давлатдорони нав дар Афғонистон талаб дорад, ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба кору таҳсилро таъмин созанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.