расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Амрико аз Русия хост, нерӯҳояшро аз марзи Украина берун кашад

Сиёсат / Ҷаҳон

Амрико аз Русия хост, нерӯҳояшро аз марзи Украина берун кашад

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико ба Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ки Амрико мехоҳад Русия нерӯҳояшро аз наздикии марзи Украина берун кунад ва дар пайи ҳалли дипломатӣ барои коҳиши танишҳо бошад.

Энтони Блинкен ва Сергей Лавров рузи панҷшанбеи 2-юми декабр дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Стокҳолм мулоқот карданд.

Ин мулоқот дар пайи танишҳо бар сари афзоиши ҳузури низомии Русия дар наздикии марзи Украина сурат гирифтааст.

Блинкен дар нишасти хабарӣ ба Маскав ҳушдор дод, ки иқдоми низомии Русия алайҳи кишвари ҳамсояаш Украина «паёмадҳои вазнин» дар пай хоҳад дошт.

Ӯ афзуд, «дар мулоқот бо вазири хориҷии Русия бисёр рушан гуфтам, ки ҳамлаи Русия ба Украина паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт. Аз ҷумла, иқдомоти иқтисодӣ бо бо таъсиргузории бисёр сахт, ки мо дар гузашта аз анҷоми он худдорӣ карда будем».

Сергей Лавров ҳам ба Энтони Блинкен гуфтааст, ки Маскав ба «замонатҳои амниятии дарозмуддат» ниёз дорад, ки густариши доираи нуфузи НАТО ба тарафи шарқро мутаваққиф кунад.

Вазири хориҷии Русия дар нишасти хабарӣ пас аз мулоқоташ бо Блинкен гуфт, «мо мехоҳем мутмаин шавем, ки садои мо шунида шавад ва нуктаи аслӣ, амнияти мо аст».

Дар ҳоли ҳозир робитаи Маскав ва Вашингтон дар поинтарин сатҳ аз замони хатми Ҷанги Сард, қарор дорад. Ғасби нимҷазираи Қрим аз суи Русия дар соли 2014 ва ҳимояти Маскав аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина, дахолати гумоштагони Русия дар интихоботи Амрико ва заҳролуд ва сипас зиндонӣ кардани Алексей Навалний, яке аз мухолифони ҳукумати Путин, аз сабабҳои бад шудани муносибати ду кишвар аст.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.