расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » https://sputnik-tj.com/20211202/tirandozi-tojikiston-qirghiziston-marz-1043881356.html

. / Сиёсат

https://sputnik-tj.com/20211202/tirandozi-tojikiston-qirghiziston-marz-1043881356.html

Пас аз тирандозии шаби гузашта ҳоло вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мӯътадил арзёбӣ мешавад

Баъди тирандозии рӯзи 1 декабр дар марз нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи посбонии муштараки минтақаи марзӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

«1 декабр, соати 23:30 (20:30 ба вақти Маскав) дар минтақаи Торт-Кочои вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти намояндагони марзии Қирғизистону Тоҷикистон бо иштироки ҳокимони навоҳии наздисарҳадӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти салоҳиятдори тарафҳо баргузор шуд», — омадааст дар хабар.

Дар дар поёни дидор тасмим гирифта шуд, ки ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳо сар аз 2-юми декабр гашти муштараки минтақаи наздимарзӣ баргузор кунанд, қайд кардааст ин ниҳод.

Воҳидҳои сарҳадии ҷонибҳо хидмати ҳаррӯзаро идома медиҳанд, то соати 9:00 (06:00 ба вақти Маскав) 2 декабр вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон мӯътадил арзёбӣ мешавад, хабар медиҳанд расонаҳои хабарӣ.

Рӯзи чоршанбе, тахминан соати 21:15 (18:15 ба вақти Маскав) дар маҳаллаи Дахмаи ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон, дар наздикии хатти шартии сарҳади давлатӣ шахсони номаълум аз 7 то 8 тир холӣ карданд.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, гӯё тир аз туфанги шикорӣ зада шудааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.