расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Азизи хонасоз" 30 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Сиёсат / Ҷомеа

Азизи хонасоз" 30 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Акси Азизулло Абдуллоев аз барномаи ВКД дар телевизиони давлатӣ.
Додгоҳи олӣ Азизулло Абдуллоев, мудири як ширкати хонасозӣ дар Тоҷикистонро 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Панҷ тан аз ҳамроҳони ӯ ба мӯҳлатҳои аз 19 то 28 сол равонаи зиндон шуданд.

Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми ин гурӯҳ рӯзи 25-уми ноябр содир шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, молу мулки Азизулло Абдуллоев, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ ва манзилҳои зисташ мусодира шуданд. Пас аз адои ҷазо низ ӯ 10 сол ҳаққи соҳибкорӣ надорад.

Ба иттилои Додгоҳи олӣ, ҳамроҳони дигари ӯ, Тулаганов Азамат, Содиқов Сиёвуш, омӯзгор Бурон Самадов ба 28 сол, Мурод Хуҷаев ба 25 сол ва Сарбоз Сабзқадамов ба 19 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.

Зоиршо Давлатёров, адвокати онҳо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ ҳукмеро содир кард, ки додситонӣ талаб карда буд.

Гавҳар Саидова, хоҳари Азизулло Абдуллоев гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, наздикони маҳкумшудаҳо ба мурофиа роҳ наёфтанд. «Ҳукм бераҳмона буд. Ҳатто тамоми молу мулкашро мусодира кардаанд. Барои 9 фарзандаш чизе нагузоштанд»,--гуфт ӯ.

Муфаттишони додситонӣ Азизулло Абдуллоев ва ҳамроҳони ӯро ба кочоқи тақрибан ним тона маводи мухаддир ва ба расмият даровардани пули аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда муттаҳам мекунанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи октябри имсол аз боздошти ин гурӯҳ хабар дод ва гуфт, ки ин афрод муддати тӯлонӣ ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон машғул будаанд ва онро аз Афғонистон харида, ба кишварҳои аврупоӣ мебурданд.

Дар як барномаи телевизионии вазорат гуфта мешуд, ки ба ин гурӯҳи фаромиллӣ шаҳрвандони кишварҳои дигар аз ҷумла Узбекистон ҳам шомил будаанд. Дар барнома маводи мухаддир аз ҷумла ҳероини зиёдеро нишон доданд, ки дар хонаҳои алоҳида пинҳон карда шудаанд ва ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, 500 кило афюну ҳероин ва дигар навъи маводи мухаддир мусодира шуд.

Аммо ба гуфтаи вакилони дифои муттаҳамон, Азизулло Абдуллоев иттиҳомотро рад карда ва гуфтааст, ки бегуноҳ аст ва ба қочоқ машғул набуд. Вакилони дифои Азизулло Абдуллоев дар додгоҳ гуфтаанд, ки эътирофи иттиҳомот, ки дар барномаи телевизионии Вазорати умури дохилӣ нишон доданд, таҳти шиканҷа ҳосил шудааст.

Ба қавли вакилони муттаҳамон ба ҷиноят, Азизулло Абдуллоев, ки раиси ширкати «Бунёдкори аср» шинохта шудааст, гуфтааст, ки муфаттишон ӯро пас аз боздошт ба нерӯи барқ монда ва биниву ангуштонашро шикастаанд. Зоиршо Давлатёров, яке аз вакили мудофеъ рӯзи 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, айбдоршавандаҳо, аз ҷумла Азизулло Абдуллоев гуноҳро ба гардан нагирифтааст.

Мақомоти интизомӣ дар додгоҳ гуфтаанд, ки иддаоҳо дар бораи шиканҷа асосе надоранд ва таҳқиқ дар ин замина ҳеч далели амалҳои ғайриқонунии муфаттишон ва ё бадрафторӣ бо муттаҳамонро нишон надодааст.

Дар Тоҷикистон Азизулло Абдуллоев, сокини шаҳри Душанбе бо номи «Азизи домсоз» ва ё хонасоз шинохта шудааст ва яке аз афроди сарватманд ба ҳисоб мерафт. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар барномаи телевизионӣ гуфт, ки Азизулло Абдуллоев ҳашт хонаи боҳашамат бо арзиши 15 миллион сомонӣ доштааст ва ҳамаи моликияти ӯро ба ҳабс гирифтаанд.

Пайвандони Азизулло Абдуллоев, гуфтаанд, ки ҳоло муфаттиш мехоҳад, тамоми молу моликият ва хонаҳои ӯ мусодира шаванд, ки хилофи қонун аст. Ба гуфтаи вакилон «додситон як адад манзили истиқоматии Абдуллоеро, ки нӯҳ фарзанд дорад», ба фарзандонаш лоиқ намедонад.»


Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.