расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Гузоришҳо: Ду тан ба асари даргирӣ миёни ду гурӯҳи Толибон дар Лугар кушта шуданд

Сиёсат / Ҷаҳон

Гузоришҳо: Ду тан ба асари даргирӣ миёни ду гурӯҳи Толибон дар Лугар кушта шуданд

Бемористони марказии Лугар.

Бар асари даргирӣ миёни ду гурӯҳи Толибон дар вилояти Лугар, шуморе аз афрод кушта ва захмӣ шудаанд. Бархе расонаҳои маҳаллӣ ва хабаргузориҳо гузориш доданд, ки дар ин бархурди рузи якшанбе, ду тан аз Толибон кушта ва 5 ғайринизомӣ захмӣ шуданд. 

Тибқи гузоришҳо, ин даргирӣ дар идораи шиносномадиҳӣ рух додааст. Мақомоти маҳаллии Толибон то кунун дар ин бора ибрози назар кардаанд. Вале як манбаи муътамад дар Идораи шиносномадиҳӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин даргирӣ дар берун аз бинои ин идора сурат гирифтааст ва танҳо як нафар аз Толибон кушта шудааст.

 Ин манбаъ дар бораи захмӣ шудани ғайринизомиён чизе нагуфт. Раванди додани шиноснома дар вилояти Лугар ва бархе вилоятҳои дигари Афғонистон аз рузи шанбе оғоз шуд ва тибқи гузоришҳо, издиҳоми мардум дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ, боиси мушкилот дар ин раванд шудааст.

Сарчашма:​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.