расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Дар солгарди оташбаси Қарабоғ Путин бо Пашинян ва Алиев мулоқот мекунад

Сиёсат / Ҷаҳон

Дар солгарди оташбаси Қарабоғ Путин бо Пашинян ва Алиев мулоқот мекунад

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон барои мулоқоти сеҷониба дар масъалаи Қарабоғ ба Русия омад

Алиев ба мулоқоти сеҷониба бо ҳамтои русиягияш, Владимир Путин ва нахуствазири Арманистон, Никол Пашинян ба Сочи рафт, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Озарбойҷон.

Қаблан котиботи ҳукумати Арманистон низ аз сафари нахуствазир, Пашинян ба Сочи хабар дод.

Ин сафараҳо бо даъвати раисҷумҳури Русия сурат гирифта, мулоқот дар арафаи солгарди имзои созишномаи оташбас дар Қарабоғи куҳӣ сурат мегирад.

Ба навиштаи РИА Новости, таваҷҷуҳи асосӣ дар ин ҳамоиш ба барқарорсозию тавсеаи ҳамлу нақл ва муносиботи тиҷорию иқтисодӣ дода мешавад. Инчунин баррасии шиддати ахири вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷон низ аз эҳтимол дур нест. Инчунин дар ин мулоқот метавонад қарор дар бораи ташкили комиссияи муайянсозию аломатгузории марз қабул шавад.

Инчунин дар Сочи суҳбатҳои алоҳидаи Путин бо Пашинян ва Алиев дар назаранд.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2020 дар Қарабоғи куҳӣ даргирӣ шиддат гирифт, ки давоми танишҳои бисёрсолаи Арманистону Озарбойҷон буда, бо қурбониёни зиёд миёни сокинони мулкию низомиён анҷомид. Ниҳоят бо миёнаравии Маскав оташбас эълон гардиду шаби 10 ноябр созишномаи сеҷониба имзо шуд.


Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.