расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Вазири толибҳо: Нишастани зану мард канори як миз ҷоиз нест

Сиёсат / Ҷаҳон

Вазири толибҳо: Нишастани зану мард канори як миз ҷоиз нест

Вазири наҳй аз мункари толибҳо нишастани марду занро канори як миз хилофи усул ва асосҳои дини ислом донист

Шайх Муҳаммад Холид, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати нав дар Афғонистон нишастани зану мардро канори як миз номақбул хонд, хабар дод Sputnik Афғонистон.

Ба иттилои мнабаъ, шайх Холид ин изҳоротро дар нишасте дар вилояти Балх баён доштааст.

Вазири ҳукумати нав дар Афғонистон бо баёни ин ки толибҳо мухолифи таълим ва омӯзиши духтарҳо нестанд, илова намудааст, ки нишастани як мард ва як зан канори як миз ҷоиз нест.

«Ин хилофи усули динӣ ва боварҳои мардуми мост. Агар ҷаҳон ва кишварҳои ғарбӣ ба ҳамин хотир моро зери фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор додаанд, мо ҳеч гоҳ аз усули дини хеш намегузарем», — илова намудааст вазири толиб.

Манбаъ зикр намудаст, ки пас аз тасаллути толибҳо ба қудрат дар Афғонистон макотиби духтарона масдуд шуда, занони корманди идораҳои давлатӣ низ хонашин гардиданд.

Вазорати умури занон дар бист соли охир ва ҳамзамон бо ишғоли Афғонистон аз сӯи Амрико таъсис шуда буду фаъолият дошт, аз сӯи толибҳо барҳам дода шуд.

Номи Вазорати умури занон ба Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар табдил дода шуд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.