расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тавофуқи вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвият равобит ду кишвар

Сиёсат / Ҷаҳон

Тавофуқи вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвият равобит ду кишвар

Вазорати умури хориҷаи гурӯҳи толибон дар як баёнияе гуфтаанд, ки дар ҷараёни музокирот дар Кобул вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд

Ҳасани Казими Қумӣ, намояндаи вижаи вазорати умури хориҷаи Эрон дар Кобул бо намояндагони ҳукумати толибон дидору гуфтугӯ кард ва дар ин дидор масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, муҳоҷират ва рушди ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

Дар баёнияи толибон омадааст, «афғонистониҳо ва давлати ҷадиди Афғонистон равобит хубе бо Эрон доранд ва талош мекунанд то ин равобитро беҳбуд бахшанд. Мо гурӯҳҳои фаннӣ ташкил додаем, ки ба баррасии мавзуоте, ки дар назар гирифтаем идома хоҳем дод ва умедворем ин гурӯҳҳо бештар тақвият шаванд».

Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август толибон ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.

Дар ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул бо ҳимояти Амрико шаҳрвандони кишварҳои ғарб ва афғонҳое, ки бо онҳо кор мекарданд, интиқол дода шуданд.

Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.

Дар авоили моҳи сентябр гурӯҳи толибон ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.