расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Даргирӣ миёни пулис ва исломгароён дар Покистон

Сиёсат / Ҷаҳон

Даргирӣ миёни пулис ва исломгароён дар Покистон

Дар натиҷаи як даргирӣ дар миёни нерӯҳои пулису исломгароён дар Покистон ҳашт нафар ҷон бохт

 Ҷунбиши ростгарои ифротии исломгаро «Таҳрики лаббайк Покистон» бо нерӯҳои пулиси ин кишвар задухӯрд кардааст, ки дар натиҷа ҳашт нафар кушта шудааст, иттилоъ додааст  Афғонистон дар истинод ба «Deh News».

Тибқи иттилои манбаъ, миёни кушташудагон чаҳор пулиси покистонӣ низ ҳаст.

Тибқи иттилои хабаргузории «Дун», тарафдорони ин ҳизб мехостанд ба маркази кишвар бираванд, то раҳбари ин ҳизбро, ки моҳи апрел боздошт шуда буд, раҳо кунанд, вале пулиси кишвар монеъ шуд ва ба ҳамин хотир даргириҳо оғоз шуданд.

Қаблан Ҳукумати Покистон эълом карда буд, ки ин созмонро як гурӯҳи шибҳинизомӣ медонад.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ пас аз он шуруъ шуданд, ки мақомот дархости онҳоро дар бораи ихроҷи сафири Фаронса иҷро накарданд.

Гуфта мешавад, ҳудуди ҳашт ҳазор исломгаро роҳпаймоии худро аз Лоҳур, маркази устони Панҷоб ба самти Исломобод оғоз карданд, ки дар авохири ҳафтаи гузашта барои гуфтугӯ бо давлати ба таъвиқ афтод.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.