расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Поёни интихоботи президентии Узбекистон. Пирузии Мирзиёев қатъӣ ба назар мерасад

. / Сиёсат

Поёни интихоботи президентии Узбекистон. Пирузии Мирзиёев қатъӣ ба назар мерасад

Рӯзи якшанбеи 24-уми октябр дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки дар ҷараёни он Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии ин кишвар рақиби қавие надошт ва аз ин рӯ пирӯзии ӯ тақрибан қатъӣ ба назар мерасад.

Мирзиёев бо чаҳор рақиби начандон маъруф рубару буд, ки бештар тарафдори ҳукумати феълии Узбекистон ҳастанд. Се ҳизби мухолиф иҷозаи сабти ном дар ин интихобот ва доштани номзади худро надоштанд. Ин шашумин интихоботи президентӣ дар Узбекистон аз замони касби истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 мебошад.

Шавкат Мирзиёв пас аз фавти Ислом Каримов дар соли 2017 ба қудрат расид. Мирзиёев дарҳои Узбекистонро, ки сераҳолитарин кишвари Осиёи Миёна ба шумор меравад, ба руи сармоягузорон боз кард, робитаҳои кишварро бо ҳамсоягонаш беҳбуд бахшид, маҳдудиятҳио ҳукумати Ислом Каримов дар робита ба озодиҳои диниро коҳиш дод ва даҳҳо зиндонии сиёсиро озод сохт.

Аммо чун Ислом Каримов, оқои Мирзиёев аз қудрати зиёди сиёсӣ бархурдор аст ва наздиконаш низ муттаҳам ба суистифода аз ҷойгоҳи сиёсии вай барои сарватҷамъкунӣ ҳастанд.

Ҳамзамон, таъсири пандемияи коронавирус ба дастовардҳои аввалияи иқтисодии вай соф афкандааст ва дар Узбекистон шумораи бекорон афзоиш ёфта, харҷи хонаводаҳо бештар шудааст.

Мирзиёев ҳамчунин ба хотири саркӯби мунтақидони худ ва фаъолони сиёсӣ дар остонаи интихоботи президентӣ мавриди интиқоди умумӣ қарор гирифтааст.

Масъулини Комиссияи марказии интихоботи Узбекистон чанд соат пас аз поёни раъйдиҳӣ, мизони иштироки мардум дар интихоботро 70 дарсад эълон карданд. Дар Узбекистон 20 миллион нафар ҳаққи раъйдиҳӣ дорад. Интизор меравад, ки натиҷаҳои интихобот имруз, душанбеи 25-уми октябр эълон шавад.

Тибқи қонунҳои интихоботии Узбекистон, танҳо ҳизбҳое метавонанд барои интихоботи порлумонӣ ва президентӣ номзад дошта бошанд, ки сабти расмӣ шуданд.

Се ҳизби мухолиф, ки сабти ном нашудаанд, эълон карда буданд, ки нияти пешбарии номзадҳои худро доранд. Аммо бо вуҷуди талошҳояшон ҳеҷ кадом сабт нашуданд ва аз ин ру, натавонистанд дар интихобот номзад дошта бошанд.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.