расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Эҳтимоли ҳамлаи ИМА аз хоки Покистон ба Афғонистон Толибонро нигарон кардааст

Сиёсат / Ҷаҳон

Эҳтимоли ҳамлаи ИМА аз хоки Покистон ба Афғонистон Толибонро нигарон кардааст

Ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар фазои Кобул. Акс аз рӯзи 31-уми август аст.

Мақомоти Толибон ба гузоришҳо дар бораи тавофуқи эҳтимолии Амрикову Покистон барои анҷоми амалиёти ҷосусӣ ва ҳавоӣ дар Афғонистон бо истифода аз ҳарими ҳавоии Покистон вокуниш нишон доданд.

Телевизиони CNN рӯзи 23-уми октябр хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида ва Покистон дар бораи ин масъала ба созиш наздик шудаанд. Покистон ин мавзуро дар гузашта ва ҳоло ҳам рад мекунад.

Толибон мегӯянд, ки агар чунин созиш ҳосил шавад, натиҷаҳои он ба касе фоида нахоҳад дошт.

Билол Каримӣ, як сухангӯи Толибон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Фикр мекунам, ки мақомоти Покистон инро рад кардаанд, аммо агар чунин коре бошад, ба касе фоида нахоҳад дошт. Афғонистон хона ва моли афғонҳост, сарзамин ва фазои он мутаалиқ ба мардуми ин кишвар аст».

Ӯ гуфт, ин амалро таҷовуз меҳисобанд ва аз паёмадҳои он ҳушдор дод.

Мақомоти Покистон низ ба расонаҳо гуфтанд, ки дар бораи иҷозаи амалиёти низомӣ аз қаламрави Покистон дар хоки Афғонистон созиш ҳосил нашудааст.

Фавод Чодарӣ, вазири истихбороти Покистон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар нисбат ба Афғонистон мавқеи хоси худро дорад ва барои мубориза бо терроризм ҷиддӣ бархӯрд мекунад.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида қаблан гуфта буданд, ки дар сурати зарурат дар Афғонистон барои мубориза бо терроризм амалиёти ҳавоӣ анҷом медиҳанд.

Пас аз ба қудрат расидани Толибон, мақомоти Амрико борҳо аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар, бахусус ДОИШ ва Ал-Қоида изҳори нигаронӣ кардаанд.

Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ҳозир ба амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон аз Қатар раҳбарӣ мекунад ва ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ аз ҳудуди ин кишвар дар хоки Афғонистон ҳамла анҷом додааст.

Тақрибан се ҳафта пеш ҳукумати Толибон ҳамлаҳои ҳавоии Амрикоро ҳамла ба ҳарими ҳавоии Афғонистон номида, хостори қатъи фаврии он шуд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони сиёсӣ мегӯянд, ки Покистон дар дохили кишвар ва дар сатҳи байналмилалӣ таҳти фишори шадид қарор дорад ва барои коҳиши фишорҳои берунӣ маҷбур аст, хостаҳои Амрикоро бипазирад.

Шафиқ Ҳамдам, яке аз огоҳон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Покистон аз қаламрави худ алайҳи Афғонистон истифода кардааст ва ба Амрико ҳам чунин иҷозаро хоҳад дод: «Барои Покистон муҳим нест, ки дар Афғонистон кӣ қудрат дорад, балки барояш муҳим ин аст, ки аз кадом самт фоида мегирад. Ба фикри ман интизори ҳамсоягии хуб аз Покистон як аҳмақии бузург аст.»

Қаблан Имрон Хон, нахуствазири Покистон гуфта буд, ки ҳеҷ гоҳ қаламрави Покистонро барои амалиёт дар Афғонистон ба ИМА намедиҳад.
Вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ низ дар чанд мусоҳиба ба ин масъала таъкид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз мулло Муҳаммад Ёқуб, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Афғонистон гуфт, иҷоза намедиҳад, ки қаламрави Афғонистон бар зидди касе истифода шавад ва аз кишварҳои ҳамсоя равобити хуберо интизор аст.

Толибон рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд ва чанд ҳафта баъд ҳукумати худро эълон доштанд. Бо гузашти бештар аз ду моҳ то ҳол ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Cарчашмв: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.