расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Пойгоҳи махфӣ, ҷанг бо терроризм ва дӯстӣ бо "Толибон". Чин бо Тоҷикистон ва минтақа чӣ карданист?

. / Сиёсат

Пойгоҳи махфӣ, ҷанг бо терроризм ва дӯстӣ бо "Толибон". Чин бо Тоҷикистон ва минтақа чӣ карданист?

Нерӯҳои Тоҷикистону Чин дар сарҳад посбонии муштарак анҷом медиҳанд, 17-уми сентябри соли 2017
Чин равобити пуртаниши ҳукумати Тоҷикистон ва «Толибон"-ро бодиққат пайгирӣ дорад ва барои ҳамкорӣ бо низоми нав дар Афғонистон роҳ меҷӯяд. Ҳадаф ҳимоя аз манфиатҳои худ дар минтақа, махсусан, дар масъалаи ифротгароёни уйғур дар Афғонистон аст, ки Пекин онҳоро дар ҳамлаҳо ба ғарби вилояти Шинҷон гунаҳкор медонад.

Хаюн Ма, муҳаққиқи Донишгоҳи Давлатии Фротсбург, ки мавзӯи равобити Пекин бо кишварҳои Осиёи Марказиро меомӯзад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Вазъ дар Афғонистон барои Чин нороҳаткунанда аст. Низоми „Толибон“ бо террористон, аз ҷумла гурӯҳҳои ҷангҷӯи уйғур иртибот дорад, вале Пекин роҳу имкониятҳоеро меомӯзад, ки то куҷо метавонад, бо онҳо ҳамкорӣ кунад.»

Тафсилот дар бораи пойгоҳи махфии низомии Чин дар Тоҷикистон, аз ҷумла маълумот дар бораи моликону маблағгузории он маълум нест. Дақиқан мисли он ки миссия ё рисолати аслии ин пойгоҳи мустақар дар марзи Тоҷикистону Афғнистон ҳам норӯшаниҳо дорад.

Аммо сокинони маҳаллӣ нақл мекунанд, ки пайваста парвози дронҳои низомиро дар фазои ин минтақа мушоҳида мекунанд. Ҳамчунин онҳо аз насби таҷҳизоти назоратӣ дар он ҷо хабар медиҳанд. Хабарнигори Озодӣ натавонист мушаххас кунад, ки парвози дронҳоро кадом кишвар назорат мекунад, аммо истифодаи он аз он дарак медиҳад, ки ин минтақа таҳти назорати шадид аст.

Тасвири моҳвораии маҳалли низомӣ дар наздикии Шаймак пеш аз омадани Чин.
Ду сокини маҳаллӣ, ки чанд бор аз мавзеи ҷойгиршавии пойгоҳ ва худи он дидан кардаанд, ба шарти махфӣ нигоҳ доштани номашон гуфтанд, дар ин иншоот чиниҳо, афғонҳо ва тоҷикон кор мекарданд. Тибқи созишнома, ҷамъоварии маълумот ва пешниҳоди он ба ҳар се ҷониб иҷозат аст.

Аммо бозгашти «Толибон» ба сари қудрат дар Кобул ин ҳамкориҳоро халалдор кардааст. Ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, ҳайати коргарони афғони пойгоҳ аз замони тасарруфи Кобул аз сӯйи «Толибон» дар рӯзи 15-уми августи имсол иваз нашудааст. Низомиёни афғон қаблан ҳар ду моҳ якдигарро иваз мекарданд, вале ҳоло дар иншоот танҳо сарбозони тоҷику чинӣ кор мекунанд.

Ин барои Пекин боз як дардисари дигар аст. Зеро Чин мехоҳад, ҳузури худро дар Тоҷикистон тақвият диҳад ва ба вазъи тағирёбандаи Афғонистон худро мутобиқ созад. Махсусан ба ин ки то куҷо «Толибон» омодаанд, дар мубориза бо терроризм бо Пекин ҳамкорӣ кунад.

Пекин даҳсолаҳо бо «Толибон» муносибати прагматикӣ ва гоҳе ногувори корӣ дошт. Рӯзи 4-уми октябр Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар сохторҳои низомии Тоҷикистону Афғонистон хабар дод, ки «Толибон» ҷангҷӯёни уйғурро аз минтақаи наздик ба марзи Чин ба дигар тараф интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, ин ҷангҷӯён узви Ҳизби Исломии Туркистон, як гурӯҳи экстремистӣ аст, ки Пекин онро дар бетартибиҳои Шинҷон гунаҳкор медонад ва аз он Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ ном мебарад.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.