расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Манбаъ: "Толибон"* аз ҳамла ба Панҷшер пушаймон ва хостори музокирот шудаанд

. / Сиёсат

Манбаъ: "Толибон"* аз ҳамла ба Панҷшер пушаймон ва хостори музокирот шудаанд

Ҳаракати «Толибон»* пас аз хатми даргириҳои шадид дар Панҷшер пушаймон ва хостори музокира бо Ҷабҳаи Муқовимат шудаанд

 Ба ин хотир онҳо ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон ва чеҳраҳои шинохтаи панҷшериҳои сокини шаҳри Кобул муроҷиат кардаанд.

Манбаъи огоҳ аз ин гуфтугӯҳо дар Кобул , баъд аз хатми даргириҳои шадид ва ақибнишинии неруҳои Ҷабҳаи муқовимат Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти Иморати исломии «Толибон»* ба манзили шахсии Абдуллоҳ Абдуллоҳ рафтааст.

«Он ҷо як маҳфил бо ширкати ин ду нафар ва иддае аз олимону бузургони панҷшерии сокини Кобул барпо шуд ва масъалаи Панҷшерро ба баррасӣ гирифтанд. Васиқ гуфт, ҳукумати „Толибон“* аз ҳамла ба Панҷшер пушаймон аст. Ӯ аз Абдуллоҳ ва бузургони Панҷшер хост, ки бо нерӯҳои муқовимат дар дара тамос гиранд ва шарту шароити поён омаданашон аз кӯҳҳоро баён кунанд», — гуфт манбаъ.


Аммо ин манбаъ мегӯяд, дар ҳамон маҷлис бузургони Панҷшер чаҳор шарт пеши Васиқ гузоштанд, ки бино ба онҳо, неруҳои «Толибон»* бояд аз Панҷшер комилан хориҷ шаванд, ҷангро батамом қатъ кунанд, кафолат диҳанд, ки ба мардум дигар кор нахоҳанд гирифт ва тамоми таҳримҳо, аз ҷумла қатъи барқу мухобирот, назири телефону интернет, манъи вуруди маводи ғизоӣ ва дигар эҳтиёҷоти мардумро лағв намоянд.

Ин манбаъ мегъяд, «Толибон»* ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳамлаи онҳо ба Панҷшер ва ҷиноёташон дар ин дара хатои бузурги сиёсии онон аст. Зеро дар саросари ҷаҳон амалкардҳои онҳо дар Панҷшер ба шиддат маҳкум мешавад.

«Панҷшер шаҳди ғалабаро дар коми онҳо талх кардааст. Миёни худашон ихтилоф ба миён омадааст. Аз сӯи дигар, мардуми Панҷшер сахт уқдаманд шуданд ва ин таҳқиреро, ки диданд, ба зудӣ нахоҳанд бахшид. Фикри бузургони Панҷшер ва „Толибон“ ҳам онро пазируфтанд, ин аст, ки фақат рӯи кор омадани як ҳукумати ҳамашумул вазъро сода мекунад», — гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, ин суҳбатҳо то баргузории ҷаласаи сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Имрон Хон, сарвазири Покистон дар Душанбе иттифоқ афтода буданд.

Дар ин мулоқот раҳбарони Тоҷикистону Покистон ба ин натиҷа расиданд, ки барои музокирот миёни Ҷабҳаи муқовимат ва «Толибон» дар Тоҷикистон талош хоҳанд кард, зеро ҳарду тараф рӯи кор омадани як ҳукумати ҳамашумул бо иштироки тамоми ақвом дар Афғонистонро роҳи ҳалли буҳрон медонанд.

Шартҳои Ҷабҳа

Дар ҳамин ҳол, Ҳафиз Мансур, як узви Шӯрои Ҷабҳаи муқовимати милллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд ба, ин талошҳои «Толибон»* беҳуда аст, бахусус, ки қазия аз дасти Абдуллоҳ Абдуллоҳ берун рафтааст.

Вай гуфт, шартҳои Ҷабҳа чунин буду ҳаст: «Толибон» бояд расман эълон кунанд, ки ҳамлаашон ба Панҷшер иштибоҳ буд, волиии номниҳоди худро пас ба Кобул бихоҳанд ва тамоми неруҳои худро аз Панҷшер хориҷ кунанд.

«Ин пешниҳодоте аст, ки қабл аз ҳамлаашон ба Панҷшер барои онҳо гуфтем. Раиси ҳайаташон Амирхон Муттақӣ (ҳоло вазири корҳои хориҷӣ) буд. „Толибон“ аз назари сиёсӣ дар Панҷшер шикаст хӯрдаанд. Як моҳ зиёд гузашт, аммо ҳеҷ кишваре онҳоро эътироф накард ва кӯмаке ҳам барояшон ваъда нашуд. Бо гузашти замон қувваҳои низомиашон зуб мешавад», — гуфт Ҳафиз Мансур.

Бо суқути Кобул дар 15 августи соли равон «Толибон»* 33 вилояти Афғонистонро пурра ишғол карданд ва танҳо вилояти озод Панҷшер аз султаи онҳо хориҷ буд. Дар ин дара тамоми нерӯҳои зиддитолиб аз саросари Афғонистон ҷамъ омада, таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи «Толибон»* -ро таъсис доданд.

Бино ба иттилои мувассақе, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, музокирот миёни Ҷабҳаи муқовимат ва «Толибон»* ҳанӯз 17 август шуруъ шуда, охирин даври музокирот 25 август бидуни натиҷа ба охир расидааст.

«Толибон» шурӯъ аз 31 август ҳамлаҳои худ ба Панҷшерро оғоз намуда, фақат пас аз 7 рӯз бо кӯмаки тайёраҳои бесарнишин ва нерӯҳои ҳавоии Покистон муваффақ ба ишғоли маркази вилоят ва рустоҳои канори роҳи асосии дара шуданд ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба дараҳои фаръӣ ақибнишинӣ карданд.

Сарчашма.​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.