расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Русия парвози ҷадид барои берун овардани шаҳрвандон аз Афғонистонро ташкил мекунад

Сиёсат / Ҷаҳон

Русия парвози ҷадид барои берун овардани шаҳрвандон аз Афғонистонро ташкил мекунад

Русия барои берун овардани шаҳрвандони боқимонда дар Афғонистон парвози махсуси дигарро ташкил мекунад

 Парвози махсуси ҷадид на танҳо барои шаҳрвандони Русия, балки барои аъзои хонаводаи онҳо, ки шаҳрвандии кишварҳои дигарро доранд, ташкил мегардад. Дар ин бора РИА Новости аз қавли Иван Волинкин, мудири Департаменти консулии Вазорати умури хориҷии Русия хабар дод.

Қаблан бархе аз афғонҳо, ки шиносномаҳои Русияро доштанд, таъкид намуданд, ки барояшон иҷоза надода буданд, дар замони тахлия аъзои хонаводаашонро бо худ бигиранд, чун шаҳрвандии Русияро надоштанд.

Валинкин дар шарҳи ин иддао гуфт, дар марҳилаи аввал тамаркуз ба тахлияи шаҳрвандони Русия шуда буд.

«Феълан Вазорати умури хориҷии Русия бо мақомоти дахлдор масъалаи тахлияи аъзои хонаводаи шаҳрвандони Русияро баррасӣ дорад, ки шаҳрванди кишварҳои дигар мебошанд», — иттилоъ додаст дипломат.

Ӯ изҳори умед кард, ки парвози навро то охири сентябр амалӣ месозанд.

Дар ҳамин ҳол сафири Русия дар Кобул, Дмитрий Жирнов изҳор доштааст, ки то ҳол аз ҳудуди 1000 нафар афғонҳо, аз ҷумла дорандаҳои шаҳрвандии Русия дархости берун шудан аз Афғонистонро гирифтаанд. Ба гуфтаи сафир, дар ин миён донишҷӯёне низ ҳастанд, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва барои берун овардани ҳамаи дархосткунандагон шояд якчанд парвоз зарур ояд.Тахлияи шаҳрвандони хориҷӣ аз Афғонистон, баъди сари қудрат омадани Толибон* — созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва бархе кишварҳои дигар, шиддат гирифт.
 
Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.