расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тоҷикистон дар мулоқоти фаврии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ширкат кард

. / Сиёсат

Тоҷикистон дар мулоқоти фаврии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ширкат кард

Мулоқот бо ташаббуси мақомоти Покистон баргузор шуда, дар он намояндагони шаш кишвар ба муҳокимаи вазъ дар давлати ҳамсоя ҳамроҳ шуданд

Намояндагони Тоҷикистон дар як конфронси фаврии онлайнӣ оид ба вазъи кунунии Афғонистон ширкат варзиданд.

Дар ин нишаст ҳамчунин сиёсатмадорон аз Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Эрон ва Чин ширкат доштанд. Мулоқот бо ибтикори Исломобод баргузор шуд.

«Покистон маҷлиси маҷозии намояндагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор кард», — гуфт, Муҳаммад Содик, намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон дар саҳифаи Твиттераш.


Вай қайд кард, ки ширкаткунандагони мулоқот «якдилона гуфтанд, ки сулҳ дар Афғонистон барои амният, субот ва шукуфоии тамоми минтақа муҳим аст.»

Ба гуфтаи намояндаи вижаи Покистон, бархӯрди минтақавӣ ба ҳалли мушкилоти умумӣ ва ҳамчунин дар сурати эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурии ҳамсоя кумак хоҳад кард.

«Афғонистони шукуфон ва осоишта ба ҳамгироии иқтисодӣ, робитаҳои қавии одамон, афзоиши тиҷорат ва робитаҳои минтақавӣ мусоидат мекунад», — ишора кард, Муҳаммад Содиқ.

Иштироккунандагони вохӯрӣ оид ба рӯйдодҳои ахири ҷумҳурӣ табодули афкор карда, инчунин конфронси онлайн бо намояндагони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон эълон карданд.

Ёдовар мешавем, ки вазъ дар кишвар аз оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО бадтар шудааст.

Дар Афғонистон задухӯрдҳо байни артиши ҳукуматӣ ва аъзои ҷунбиши радикалии Толибон, ки дар Русия мамнӯъ шудаанд, шиддат гирифт ва дар як муддати кӯтоҳ ҷангҷӯён қаламравҳои калони кишварро ишғол карданд ва 15 август вориди пойтахти он шудан ва президенти собиқ Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард.

Ҳоло танҳо як вилояти Панҷшер аст, ки таҳти фармони ин гуруҳ надаромадааст ва ҷангҳо дар ин минтақа идома дорад.
Ба сари қудрат омадани Толибон боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Ҳамин тариқ, нишастҳои СПАД ва СҲШ, ки қарор аст 16 сентябр дар Душанбе баргузор шавад, ба мушкилоти Афғонистон бахшида мешавад.

Сарчашма: Sputnik. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.