расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » “Ҷанги Ховок давом дорад”: се ҳамлаи дигари “Толибон” ба Панҷшер

Сиёсат / Ҷаҳон

“Ҷанги Ховок давом дорад”: се ҳамлаи дигари “Толибон” ба Панҷшер

 Ин ҳамлаҳо шаби гузашта ба мавозеи Ҷабҳаи муттаҳиди миллии Афғонистон дар ағбаи Ховоки дараи Панҷшер сурат гирифтаанд.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз шаби гузашта то субҳи имрӯз “Толибон”* дар шимолу шарқи Панҷшер аз тариқи ағба ё гарданаи баланди Ховок ҳамалотеро сари нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат анҷом доданд.
“Се ҳамла буд, ки ҳамагӣ аз сӯи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат рафъ шуданд ва талафоти зиёде ба “Толибон”* ворид шуд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Бино ба ин манбаъ, дар ин ҳамалот наздик ба 30 толиб кушта, ҳудуди 15 тани дигар захмӣ шуданд ва теъдоде аз ҷангиёни “Толибон”* ва ҳам таҷҳизоти низомии онҳо ба дасти нерӯҳои муқовимат афтодаанд.

“Ҷанг идома дорад ва нерӯҳои мо омодаи набарданд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз ҳамлаи “Толибон”* ба Даҳанаи Панҷшер хабар дода буданд, ки дар пайи он 8 толиб куштаву 4 тани онҳо захмӣ шуданд.
Ҳамзамон нерӯҳои муқовимат дар Парвон аз вуруди “Толибон”* ба дараи Шутул дар шимолу ғарби дараи Панҷшер ҷилавгирӣ карда, дар як камин ҳудуди 50 толибро куштаву захмӣ карда буданд. Бо иттифоқ афтодани ин ҳамлаҳо, ба назар мерасад, “Толибон” барои ишғоли Панҷшер, танҳо вилояте, ки аз назорати онҳо хориҷ аст, иқдом кардаанд.
Панҷшер ҳоло маркази муқовимати нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон ба шумор меравад, ки таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, султаи “Толибон” – ро қабул накард ва аз онҳо тақозо намуд, ки як ҳукумати ҳамашумул таъсис диҳанд. Музокироте ҳам миёни ҷонибҳо дар чанд давр сурат гирифтанд, ки бо назардошти ин ҳамлаҳо зоҳиран ба ҷое нарасидаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.