расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ато Муҳаммади Нур: Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бояд чораҳои васеъ андешад

Сиёсат / Ҷаҳон

Ато Муҳаммади Нур: Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бояд чораҳои васеъ андешад

Яке аз пешвоёни шимол Атто Муҳаммади Нур бори аввал пас фирору чанде хомӯшӣ дар шабакаи хабарии Afghanistan International суханронӣ кард.
Вай гуфт, ки бори аввал Афғонистонро тарк кардааст ва ҳоло дар Дубай қарор дорад.
Волии собиқи Балх қайд кард, ки Панҷшер минтақаест, ки макони аз ҷиҳати стратегӣ муҳим дорад.
"Дар гузашта қаҳрамони миллии мо дар он ҷо меҷангид ва марҳум Раббонӣ тамоми сиёсатмадоронро муттаҳид кард, ҳама раҳбарон якҷо буданд. Аммо ҳоло дар Панҷшер чунин гап нест. Аҳмад Масъуд ҳанӯз ҷавон аст, таҷрибаи ҷангӣ надорад", - гуфт, сиёсатмадори афғон.
Вай афзуд, ки барои муқовимат бояд чораҳои миқёси калон андешида шаванд, як барномаи густарда лозим аст.
Бо вуҷуди ин Ато Нур ба Ҷабҳаи муқовимат муваффақият орзу кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.