расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тафсилоти фирори Ғанӣ аз Генерал Ағбар: касе намедонист, ки ӯ мегурезад

Сиёсат / Ҷаҳон

Тафсилоти фирори Ғанӣ аз Генерал Ағбар: касе намедонист, ки ӯ мегурезад

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, на танҳо аз кишвар фирор кард, балки ҳамкасбонашро дар ҳолати ногувор гузошт ва пули бисёреро аз мардум дуздид, гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон генерал Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар мусоҳиба бо РИА Новости.
"Ҳеҷ яке аз муовинони Ғанӣ намедонист, ки президент қасд дорад аз кишвар фирор кунад. Ба гуфтаи вазири дифои ҳукумат, ки ман шахсан бо ӯ суҳбат доштам, яке аз мушовирони Ғанӣ ба вазорати дифоъ занг зад ва гуфт, ки Ашраф Ғанӣ соати 16:00 барои мулоқот хоҳад буд", - гуфт ӯ дар идома.
Ашраф Ғанӣ 15 августи соли 2021 дар ҳоле ки нерӯҳои Толибон* вориди дарвозаҳои Кобул шуданд, аз Афғонистон фирор карданд, аз фурудгоҳи Кобул ба самти номаълум рафт. Пас аз чанд рӯз вай аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба мардуми Афғонистон паём фиристод.
Дар Афғонистон ва берун аз он сабаби суқути ҳукумат бо артиши 300 ҳазорнафара ва таҷҳизоти пешрафтаро ба мудирияти ноустувори Ғанӣ рабт медиҳанд.
Ҳоло Толибон* ба ҷуз аз вилояти Панҷшер тамоми хоки афғонистонро зери идораи худ доранд.
* ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.