расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Набояд аз берун таҳмил кард: Путин дар бораи вазъ дар Афғонистон

Сиёсат / Ҷаҳон

Набояд аз берун таҳмил кард: Путин дар бораи вазъ дар Афғонистон

Раисиҷумҳури Русия дар мавриди Афғонистон гуфт, бояд дарк кард, ки таҳвили чизе аз берун ғайриимкон аст. Ӯ афзуд, ки бояд кумак кард, мунтазир шуд, ки вазъ аз дохил мусоид шавад.
"Бояд дарк кард, ки таҳвили чизе аз берун ғайриимкон аст. Вазъият бояд мусоид шавад. Агар касе хоҳад, ки вазъи мусоид зудтар фароҳам гардад, сифатан беҳтар бошад, бояд барои одамон кумак кард", - иттилоъ дод РИА Новости аз қавли Путин.
Раисиҷумҳури Русия дар мулоқот бо хонандагони мактаб таъкид ба зарурати кумаку мусоидат кардааст.
"Бале инро бояд анҷом дод, аммо бо роҳҳои мутамаддин, эҳтиёткорона бо пуштибонӣ аз равандҳои мусбат, бидуни шитобкорӣ ва сабурона бояд амал кард", - илова намудааст Путин.
Раисиҷумҳури Русия мутмаин аст, ки бидуни ин омилҳо ноил шудан ба таҳаввулоти мусбат тақрибан ғайриимкон аст.
Шарҳи Путин дар мавриди Афғонистон дар ҳолест, ки тобистони соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ҷангиёни Толибон* аввал минтақаҳои марзӣ, баъдан марказҳои вилоятҳо ва 15 август Кобулро ишғол карда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар анҷом ёфт. Феълан Панҷшер ягона аз 34 музофоти Афғонистон мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷамъ омада, ташкили давлати муосир бо иштироки намояндагони тамоми ақвому ақшори ҷомеа дар заминаи исломи муътадилро талаб доранд. Рӯзҳои охир Толибон* чанд бор ин вилоятро ҳадафи ҳамла қарор доданд, аммо ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимат шикаст хӯрданду маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.