расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » МАСЪУД, ТУ КУҶОӢ, КИ БАДАХШОНРО ФУРӮХТАНД… ТОЛИБОН ДАР МАРЗИ БАДАХШОН ПАРЧАМИ ХУДРО АФРОХТАНД (ВИДЕО)

Сиёсат / Ҷаҳон

МАСЪУД, ТУ КУҶОӢ, КИ БАДАХШОНРО ФУРӮХТАНД… ТОЛИБОН ДАР МАРЗИ БАДАХШОН ПАРЧАМИ ХУДРО АФРОХТАНД (ВИДЕО)

Дар як сабти видеоӣ, ки аз шаҳри Хоруғ расид, дида мешавад, ки ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон дар рӯбарӯи бозори марзии Тем парчами ҳукумати кунунии Афғонистонро аз манори марзӣ канда, ба ҷои он парчами “Иморати исломии Афғонистон”-ро насб мекунанд.
Толибон дар ин авохир беш аз 900 км аз 1370 км марзи байни Афғонистону Тоҷикистон, аз ҷумла бахши аъзами вилояти Бадахшонро зери назорати худ даровард  ва шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшонро ба муҳосира гирифтааст.
Қаблан видеоҳое нашр шуд, ки аз ҷараёни тиҷорат байни Тоҷикистону Афғонистон ва равуои шаҳрвандон байни ин ду кишварро дар мавзеи гузаргоҳи Шерхон Бандар ва Панҷи поён ба дасти худ гирифтани Толибон дарак медод.
Бисёриҳо видеои  барафрохтани парчами Толибон дар рӯбарӯи бозори Темро зери навои таронаи машҳури “Масъуд, ту куҷоӣ, ки Бадахшонро фурӯхтанд” нашр кардаанд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.