расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи 6 сафири хориҷиро пазируфт

. / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи 6 сафири хориҷиро пазируфт

Изҳори итминон шуд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамар ба густариши ҳамкориҳо такони ҷиддӣ мебахшанд.


Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 феврал дар Қасри миллат аз 6 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард.
Дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ дар ин маврид менависад, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш сафирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар, Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран, Давлати Фаластин Луай  Исса, Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна, Маҷористон Михай Матяш Галошфай ва Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз дошт, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
“Дар пасманзари оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ айни замон ба хатару таҳдидҳои бесобиқа дучор гаштааст, - гуфт президент.
Таъкид шуд, ки дар чунин вазъияти ҳассос ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самараноки байналмилалӣ, омили калидии музаффарият дар мубориза бо чолишҳои имрӯза мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.