Президент дар бораи "хоинони миллату хоҷаҳои хориҷӣ" ва "стратегияи нави мубориза бо терроризм"
Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Стратегияи нави мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон таҳия ва пазируфта шавад.
Сурат: zarnews.uzЭмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паёмаш ба Маҷлиси Олӣ ишора кард, ки хоинони миллати тоҷику хоҷагони хориҷияшон дар пайи ноором кардани вазъ дар Тоҷикистон мебошанд. Ӯ ишора накард ва мушаххас нагуфт, ки ин "хоинони миллати тоҷик" киҳоянд ва хоҷагони хориҷии онҳо кадом кишвару созмонҳоянд.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, онҳо ҳадаф доранд фарҳангу мазҳаби бегонаро ба миллати тоҷик таҳмил кунанд.
"Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд".
Президенти Тоҷикистон бо назардошти ин омил ва шароити нави дунё ва таҳдиду хатарҳо, ба Додситонии кулли Тоҷикистон дастур дод, ки имсол Стратегияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мубориза бо терроризм барои солҳои 2021-2022 таҳия кунанд.
"Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд".