расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сарвазири Тоҷикистон ба Абдуллоҳ: Аз талошҳои сулҳи Афғонистон ҳимоят мекунем

. / Сиёсат

Сарвазири Тоҷикистон ба Абдуллоҳ: Аз талошҳои сулҳи Афғонистон ҳимоят мекунем

Сурат: facebook.com/Dr.AbdullahAbdullah/
Қоҳир Расулзода дар дидор бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои олии мусолиҳаи милли Афғонистон гуфтааст, ки аз талошҳои сулҳи Афғонистон ҳимоят мекунам. Ин нуктаро худи Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар саҳфаи расмияш дар Фейсбук нашр кардааст. 
Ба гуфтаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ Қоҳир Расулзода гуфтааст, ки "Афғонистон аз дӯстон ва муттаҳидони Тоҷикистон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  талошҳои сулҳ дар Афғонистон ҳимоят мекунад ва сулҳ дар Афғонистонро сулҳу субот дар Тоҷикистон ва минтақа медонад".
Ҳамчунин дар ин дидор Қоҳир Расулзода изҳори умедворӣ кардааст, ки талошҳои сулҳи Афғонистон натиҷаи матлубе биёваранд. 
Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо як сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ имрӯз ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳам дидор дошт. 
Қарор аст фардо, 22-юми декабр бо Эмомалӣ Раҳмон дидор кунад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ қабл аз сафараш дар саҳфаи расмии фейсбукаш навишта буд, ки ин сафараш бо даъвати расмии ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.