расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тағйироти кадрӣ: Шерхон Салимзода ва директори Агентии зиддифасод аз мансаб рафтанд...

. / Сиёсат

Тағйироти кадрӣ: Шерхон Салимзода ва директори Агентии зиддифасод аз мансаб рафтанд...

Як манбаъти муътамад ба "Азия-Плюс" аз тағйироти кадрии то ҳол расман эълоннашуда хабар дод.

Сурат: Asia-Plus
Шерхон Салимзода, директори Агентии  назорати маводи нашъовари  назди Президенти Тоҷикистон  аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ додситони вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидзода директори ин агентӣ таъин шудааст.
Хабари аз мақом барканор шудани Шерхон Салимзодаро як манбаъ дар Агентии назорати маводи нашъаовар ба "Азия-Плюс" таъйид кард. Субҳи имрӯз ин хабарро дар ин ниҳод ба "Азия-Плюс" таъйид накарданд.
Ҳамчунин манбаъи "Азия-Плюс" гуфт, ки директори Агентии зидди фасоди Тоҷикистон Сулаймон Султонзода низ аз мақомаш барканор шудааст. Вале ин манбаъ нагуфт, ки ба ҷойи ӯ кӣ омадааст.
Ҳамчунин ин манбаъи мо гуфт, ки додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳмон Умедҷон Нуриддин  муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон таъин шудааст. Умедҷон Раҳмон бародарзодаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Тасдиқи ин хабар ба мо дар Додситонии кулл муяссар нашуд.
Ҳамчунин дар шабакаи фейсбук бархе аз корбарон Адҳам Маъмурзода, як корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро барои таъин шудан ба мақоми раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд табрик кардаанд.
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон то кунун дар бораи ин тағйирот маълумоте пешниҳод накардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.