расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » ҲУҶҶАТҲОИ 5 НОМЗАД БА ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН САБТИ НОМ ШУД

. / Президент

ҲУҶҶАТҲОИ 5 НОМЗАД БА ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН САБТИ НОМ ШУД

Комиссияи марказии интихобот ва раъпурсии Тоҷикистон рӯзи 13 сентябр ҳуҷҷатҳои супурдаи 5 номзад ба президентии ин кишварро сабти ном кард: 1.Рустам Латифзода аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон,

2.Абдуҳалим Ғаффорзода аз ҷониби Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон,

3.Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,

4.Рустам Раҳматзода аз ҷониби Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва
5.Мироҷ Абдуллоев аз ҷониби Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон.

Ба ин тартиб, аз номзадҳое, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шуданд, танҳо Саидҷаъфар Усмонзода аз Ҳизби демократи Тоҷикистон то ҳол сабти ном нашудааст.

Ҳизби ҳафтуми расман сабтиномшуда дар кишвар – Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ интихоботи президентии Тоҷикистонро таҳрим кард ва гуфт, ба он номзад пешбарӣ намекунад.
Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр доир мешавад.
Ду нафари дигар – сокини Панҷакент Иброҳимҷон Юсуфбеков ва сокини Хоруғ Фаромӯз Иргашев ба тариқи худпешбарӣ номзадиашонро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кардаанд. Вале қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон танҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ, Иттифоқҳои касаба, Иттифоқи ҷавонон, маҷлисҳои вакилони халқи се вилоят ва шаҳри Душанбе ҳаққи пешбарии номзадҳо ба президентиро додааст.
Аксари нозирон бар инанд, ки номзадҳои сабтиномшуда аз ҳизбҳои сиёсӣ танҳо ба хотири алтернативӣ ва серрақиб ҷилва додани интихоботи президентии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд ва дар асл ҳеҷ кадомаш азми муборизаи воқеӣ ва пирӯзӣ дар интихоботро надоранд.
Бо чунин тартиб, бовар меравад, ки боз ҳам президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон барандаи интихоботи рӯзи 11 октябр эълон хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон 68 сол дошта, аз соли 1992, инак 28 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Конститутсияи Тоҷикистон роҳбарии як нафарро бо ду давраи ҳафтсола маҳдуд кардааст, вале Эмомалӣ Раҳмон қаблан бо тағйири Конститутсия, ҳаққи роҳбарии худро то соли 2020 тамдид кард ва соли 2016 бо дарёфти мақоми Пешвои миллат ҳамчунин ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудияташ ба президентиро низ ба даст овард.
Интизор мерафт, ки ӯ ин навбат худ канор рафта, ба президентӣ писари калониаш – шаҳрдори 32-солаи Душанбе Рустами Эмомалиро пешбарӣ мекунад. Вале ба гуфтаи манобеи огоҳ, чанд омил, аз ҷумла мухолифати бархе аъзои пурнуфузи ҳукумат дар дохил, ба даст наовардани "ок”-и Русия ва ҳаводиси ахири Беларус – иҷрои ин нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писарро ба таъхир андохт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.