расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Пешвои коммунистон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд

. / Сиёсат

Пешвои коммунистон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд

Ҳизб зери шиори “Ҳаёти шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар” ба интихобот меравад.

Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон
Сурат: Asia-Plus
Рӯзи 5 сентябр дар Душанбе Анҷумани  XXXV ғайринавбатии Ҳизби коммунистии  Тоҷикистон (ҲКТ)   баргузор гардида, вакилон якдилона номзадии раиси ҳизб Мироҷ Абуллоевро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ карданд.
Дар анҷумани коммунистон ҳамчунин барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб зери шиори “Ҳаёти шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар” низ тасдиқ шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботии аввали баҳори соли 2015 бори нахуст дар таърих Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфта, ин нокомӣ боиси ивази пешвои он гардид.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон аз сентябри соли 1991 то июли соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов билоиваз Ҳизби коммунистро роҳбарӣ кард.
Моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи декабри ҳамон сол аз олам даргузашт.
Мироҷ Абдуллоев 22-юми апрели соли 2017 раиси ҲКТ интихоб шуд. Ӯ пешвои сеюми Ҳизби коммунисти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам 6-тоаш - Ҳизби халқии демократӣ (раиси ҳизб, президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон), Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров), Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода), ҲИИТ (раиси ҳизб Рустам Раҳматзода) ва Ҳизби коммунист (раиси ҳизб Мироҷ Абдуллоев) номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.
Инчунин Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ номзадии сарвари давлати амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуданд.
Ғайр аз ин, адвокат Фаромӯз Иргашов низ ният дорад, ки номзадии худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки номзадиашро ба мансаби президент пешбарӣ намекунад. Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ ба интихоботи президентии моҳи октябр таҳрим ё худ бойкот эълон шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.