расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Эмомалӣ Раҳмон: мардуми тоҷик сулҳро бо баҳои гарон ба даст овард

. / Президент

Эмомалӣ Раҳмон: мардуми тоҷик сулҳро бо баҳои гарон ба даст овард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар гимназияи барои хонандагони болаёқат гуфтмардуми тоҷик сулҳро ба баҳои гарон ба даст овард.
"Мо – мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд", - таъкид кард президент.
Дар ин росто президент гуфт зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем ва онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем.
"Дар ин раванд, фарҳанги сулҳ ва сулҳпарварӣ бояд аз синни хурдсолӣ, яъне аз зинаи таҳсилоти томактабӣ дар замири кӯдакон тарбия карда шавад, зеро ин марҳала дар инкишофи ақлонии кӯдак давраи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон..
Президент ҳамчунин афзуд, ки солҳои охир рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифтааст ва то имрӯз дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Вале раисиҷумҳур мегӯяд, тибқи таҳлилҳо корҳои амалигардида ҳанӯз ҳам талаботи аҳолиро ба чунин муассисаҳо қонеъ гардонида наметавонанд.
Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор кард, ки барои роҳандозии Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020 – 2025 ва боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.