расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ДАХОЛАТИ РОҲБАРОНИ ЧЕЧЕНИСТОН БА МУНОҚИШАИ БАЙНИ ЧЕЧЕНҲОВУ ТОҶИКҲО ДАР ПАЙИ КОРД ЗАДАНИ ҚОРӢ ШЕРАЛӢ ҲАКИМОВ ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

. / Муҳоҷир

ДАХОЛАТИ РОҲБАРОНИ ЧЕЧЕНИСТОН БА МУНОҚИШАИ БАЙНИ ЧЕЧЕНҲОВУ ТОҶИКҲО ДАР ПАЙИ КОРД ЗАДАНИ ҚОРӢ ШЕРАЛӢ ҲАКИМОВ ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)


Аҳмад, як намояндаи диаспораи тоҷикҳои Маскав хабар дод, ки роҳбарони Чеченистонро аз муноқишаи бархоста байни чеченҳо ва тоҷикҳо дар Маскав хабардор кардааст ва Адам Делимханов, муовини сарвазири Чеченистон бо супориши роҳбари он ҷумҳурӣ Рамазон Қодиров ҷараёни тафтиши ин қазияро таҳти назорати худ мегирад. Адам Делимханов дар тамоси телефонӣ ба Аҳмад ваъда додааст, афроди гунаҳкоре, ки қории "Қуръон” аз Тоҷикистон Шералӣ Ҳакимовро латтукӯб карда ва корд задаанд, ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд. Ҳафтаи гузашта 4 зодаи Чеченистон Шералӣ Ҳакимовро дар шаҳраки Дудкино дар минтақаи "Мосрентген” дар канори шаҳри Маскав бераҳмона корд задаанд. Ӯ ҳоло дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад.
Пулис се нафар аз ҳамлагаронро дастгир кард, вале танҳо як марди 65-солаи собиқ варзишгарро дар боздошт нигоҳ дошта, ду писари ӯро ҷавоб додааст. Нашри видеои бадани пурҷароҳати Шералӣ Ҳакимов ва хабари аз боздошт раҳо ёфтани ҳамлагарон боиси таҷаммӯи даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар "Мосрентген” шуд. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки ба ин қазия дахолат кунанд ва нагузоранд, ки ҳамлагароне, ки Шералӣ Ҳакимовро корд заданд, беҷазо монанд. Ба гуфтаи онҳо, марди боздоштшуда бо худ санади бемории рӯҳӣ доштааст ва дар ин асос, метавонанд ӯро ҳам озод кунанд.
Яке аз шоҳидони ҳодиса гуфт, як гуруҳи муҳоҷирон як хонаи нимсохтро дар "Мосрентген” барои зиндагӣ дуруст карда, дар он зиндагӣ мекунанд. Зодагони Чеченистон аз онҳо барои зиндагиашон дар ин бино ҳар моҳ 100 ҳазор рубл ҳақ меситондаанд. Ҳафтаи гузашта рэкетирҳо барои гирифтани "доля” омадаанд, вале муҳоҷирони тоҷикро, ки мебоист ба онҳо "доля” месупурданд, пайдо накарда, ба сари ҳамсарони он ду нафар борони дашному ҳақоратро рехтаанд. Шералӣ Ҳакимов, ки аслан ба ин моҷарои пул дахл надошт, садои доду фарёдро шунида, аз ҳуҷрааш берун баромадааст ва ба он рэкетирҳо фаҳмонданӣ шудааст, ки даст бардоштану дашном додани занон ба мусалмон намезебад. Ин насиҳати қорӣ онҳоро чунон ба хашм овардааст, ки Шералӣ Ҳакимовро зери мушту лагат гирифта, ба баданаш чанд корд задаанд.




Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.