МУҲОҶИРИ ТОҶИК 13 РӮЗ БОЗ БЕДАРАК АСТ
"Муҳоҷири гумшуда Азизов Ҳафизулло ном дошта, 24 сол умр дорад.То лаҳзаи гум шуданаш ӯ дар вилояти Калуги Русия зиндаги мекард ва инак 13- рӯз мешавад, ки аз ӯ хату хабаре нест. Ба шӯъбаи полис муроҷиат кардем, аммо ҳоло ягон натиҷа анҷом дода нашудааст!-мегӯяд Муҳаммад Собиров, дӯсти наздики Ҳафизулло.
Аз ҳамаи он муҳоҷироне, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, даъват ба амал оварда мешавад, ки дар бораи ҷавони гумшуда, чизе медонанд ё ӯро дар ҷое дидасту дар борааи чизе шунидааст, хоҳиш карда мешавад, ки ба рақамҳои дар +7 900 636-32-84 дар тамос шаванд.