расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Дар Русия ба муҳоҷирон андози нав бастанд

. / Муҳоҷир

Дар Русия ба муҳоҷирон андози нав бастанд

Интизор меравад, муҳоҷирон ӯҳдадор шаванд, ки патенти электронӣ тартиб дода, мувофиқи он дар намуди пешмузди муайяне маблағ супоранд
Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод кардааст, ки тамоми муҳоҷироне, ки бо мақсади кор ба Русия сафар мекунанд, пешмузди муайяне пардохт кунанд. Дар ин бора РИА Новости гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин бора дар консепсияи ВКД Русия - тарҳи нави қонуни федералии масоили муҳоҷиратӣ хабар дода мешавад.Интизор меравад, ки барои пардохти ин индоз муҳоҷирони меҳнатӣ бояд патенти электронӣ тартиб диҳанд. Онҳо танҳо пас аз пардохти андоз аз даромади инфиродӣ дар намуди пешпардохти муайян ба кор шурӯъ карда метавонанд.
Афзун бар ин, кордиҳандагон - чӣ шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки шаҳрванди хориҷиро ба кор гирифтанианд, бояд дар вебгоҳи "Госуслуги" сабтином кунанд.
Ҳангоми пардохт накардани андоз нахуст ба муҳоҷирон огоҳӣ равон карда мешавад, ки пардохт кунад, дар ҳолати тайи 15 рӯз надодани пешмузд, онҳо аз ҳаққи кор маҳрум ва ё ҳатто ихроҷ карда мешаванд.
Дар тарҳи мазкур мӯҳтавои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор низ шарҳ дода мешавад.
Мисол, ҳаҷми маош, ки ба музди миёна дар минтақа баробар аст ва ё ҷаримаҳои пардохтнашуда ба назар гирифта мешавад.
Ҳамчунин тибқи ин қонун ба ҳар як муҳоҷир ID-корт дода мешавад, ки дар он маълумотҳои инфиродии ӯ ҳифз мешаванд.
Ин тарҳи қонун дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200914/1031898023/Dar-Rusiya-ba-muoiron-andozi-nav-bastaniand.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.