МАРГИ ТАКСИРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЯК САДАМА ДАР ПЕТЕРБУРГ (3 ВИДЕО)
![](/uploads/posts/2021-03/1615952292_dtp-spb.jpeg)
Пулис гуфт, ронандаи такси ҳангоми баромадан ба роҳи асосӣ ба ронандаи ҷип имкони гузар надодааст. Вале ташхис нишон дод, ки ронандаи ҷип масти лояқил будааст (дар бадани ӯ ҳаҷми машруботи нӯшидааш 1,8 промилле, яъне 6 маротиба бештар аз 0,3 промиллеи меъёр будааст).
Бино ба иттилои маркази матбуоти пулиси ноҳияи Василеостровский, ба ин далел ба зидди ронандаи ҷип бар асоси моддаи 264 (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ) парванда кушодаанд ва ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ба далелҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Садамаҳои нақлиётӣ дар баробари фалокатҳо дар ҷои кор аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷиони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад.