расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ҲАЛОКАТИ ҶАВОНИ 21-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ТАРКИШИ ГАЗ ДАР РОСТОВ (ВИДЕО)

. / Муҳоҷир

ҲАЛОКАТИ ҶАВОНИ 21-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ТАРКИШИ ГАЗ ДАР РОСТОВ (ВИДЕО)

Пойгоҳи хабарии DonDay.ru хабар дод, ки нафари ҳалокшуда бар асари таркиши балони газ дар дӯкони шаурмафурӯшӣ дар шаҳри Ростови лаби Дон ҷавони 21-сола аз Тоҷикистон Шуҳрат С. будааст.
Балони газ дар дӯкони шаурмафурӯшӣ дар нуқтаҳои савдои назди Бемористони ёрии таъҷилии тиббӣ (БСМП)-и  Ростов дар кӯчаи Жданов, 14 дар микрорайони Левентсовка шаби 7 январ, соати 00:29 рӯй дод. Дар пайи таркиши балони газ аввали дӯкони шаурмафурӯшӣ ва ба дунболи он дӯконҳои дигари павилон ба коми оташ рафтанд. Ба 38 сӯхторнишон чанд соат лозим шуд, то оташро фурӯ нишонанд. Дар видеои нашршуда аз ҷои ҳодиса дида мешавад, ки чӣ гуна аз нуқтаҳои савдои назди бемористон алангаи оташ ба осмон баланд мешавад.
Бар асари таркишу сӯхтор се нафар ҷароҳат бардоштанд. Шуҳрат С., ки 100 фоизи баданаш сӯхта буд, ба бемористони ёрии таъҷилӣ интиқол дода шуд, вале табибон ӯро аз марг наҷот дода натавонистанд. Як ҳамкори ӯ низ бо захмҳои зиёд бистарӣ карда шудааст ва табибон вазъи ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд. Яке аз муштариёни дӯкони шаурмафурӯшӣ низ бо 45% сӯхтани баданаш бистарӣ карда шудааст.
Ҳоло тафтиши ҳодисаи таркиши балони газ, ки боиси марги инсон шуд, идома дорад. Имокн дорад, ки бар асоси натиҷаҳои таҳқиқот, ба зидди соҳиби дӯкони шаурмафурӯшӣ парвандаи ҷиноятӣ бикушоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.