расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Русия парвозҳои чартериро ба Тоҷикистон манъ мекунад?

. / Муҳоҷир

Русия парвозҳои чартериро ба Тоҷикистон манъ мекунад?


Ширкатҳои русӣ тавассути ин парвозҳо ҳақ доштанд аз Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони Русияро бубаранд
Русия ба идомаи парвозҳои чартерӣ дар моҳи ноябр барои ба Ватан бурдани муҳоҷирони тоҷик то ҳол иҷозат надодааст.
Бино ба иттъ, рӯзи 1 ноябр танҳо ба як ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр” ба сурати истисноӣ иҷозат додаанд, ки аз фурудгоҳи Домодедово мусофиронро бубарад. Ба ин парвоз танҳо ба афроди эҳтиёҷманд, асосан ба занону пиронсолон ва маризон иҷозат додаанд, ки ба Ватан баргарданд. Блогери тоҷик Ҷунайдулло Худоёров хабар дод, ки дар ин парвоз Ёрибек Ғозиев, як сокини деҳаи Яшми ноҳияи Рашт низ иҷозат пайдо кардааст, то тобути бародараш Олим Зоировро, ки рӯзи 28 октябр дар Нижний Новгород аз ҷониби ҳамсари русаш бо табар кушта шуд, барои гӯручӯб ба Тоҷикистон барад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои идомаи парвозҳои чартерӣ бо Русия музокира ҷараён дошт, вале то ҳол натавонистаанд дар ин масъала ба мувофиқа Шарти ҷониби Русия барои идомаи парвозҳо ин буд, ки бояд бештар ширкатҳои русӣ муҳоҷиронро ба ватан баранд.  Парвозҳо байни Тоҷикистону Русия аз 20 март дар пасманзари пандемияи коронавирус қатъ шуд. Аз он вақт ба баъд байни ду кишвар танҳо парвозҳои чартерӣ анҷом мешаванд. Ширкатҳои русӣ тавассути ин парвозҳо ҳақ доштанд аз Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони Русияро бубаранд ва ширкатҳои тоҷикӣ танҳо барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат доштанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.