расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ҲАБСИ ТОҶИРИ ЗОДАИ ДУШАНБЕ ДАР НЮ-ЙОРК БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ КАРАНТИН (ВИДЕО)

. / Муҳоҷир

ҲАБСИ ТОҶИРИ ЗОДАИ ДУШАНБЕ ДАР НЮ-ЙОРК БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ КАРАНТИН (ВИДЕО)



Михаил Завулунов, як тоҷири маъруфи зодаи Душанбе дар шаҳри Ню-Йорки Амрико барои вайрон кардани қоидаҳои карантин ҳангоми баргузории тӯй дар яке аз тарабхонаҳояш ба ҳасб гирифта шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, шоми 18 октябр дар тарабхонаи «Da Mikelle» дар минтақаи Квинс, ки ба Завулунов тааллуқ дорад, мебоист тӯйи зодагони Самарқанд доир мешуд. Вале дар оғози тӯй ба тарабхона кормандони пулис ва идораи шериф ташриф оварда, чанд нафар, аз ҷумла соҳиби тарабхона Михаил Завулуновро боздошт карданд. Соҳибкори шинохта ба вайрон кардани қоидаҳои карантин ва баргузории шабнишинӣ дар давраи пандемияи коронавирус айбдор мешавад ва ба вай то 150 ҳазор доллар ҷарима таҳдид мекунад.
Михаил Завулунов зодаи Душанбе мебошад. Ӯ дар вақташ мудири «Сапеда», як бари хеле маъруф дар касабаи 33-юми пойтахти Тоҷикистон буд.
Завулунов дар аввалҳои солҳои 90 ба Амрико кӯчида, дар чанд гӯшаи гуногуни шаҳри Ню-Йорк силсилаи тарабхонаву бару ошхонаҳояшро таъсис дод.
Соли 2019 яке аз рақибонаш, ки низ аз миёни яҳудиёни Бухорои зодаи Душанбе буд, ба ҷони писари Михаил Завулунов – Иля - сӯиқасди мусаллаҳона сурат гирифт. Иля аз пояш тир хӯрд, вале аз он сӯиқасд ҷон ба саломат бурд.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.