расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҚОРӢ НЕЪМАТУЛЛОҲИ КӮЛОБӢ ДАР СИННИ 101 АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

ҚОРӢ НЕЪМАТУЛЛОҲИ КӮЛОБӢ ДАР СИННИ 101 АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД (ВИДЕО)

Нашрияи  Пайк хабар дод, ки қалби Қорӣ Неъматуллоҳи Кӯлобӣ – кӯҳансолтарин хунёгари тоҷик рӯзи 6 феврал дар синни 101 аз тапидан бозмонд.
Маросими видоъ бо ин сурнайнавоз ва ҳофизи мардумӣ дар хонааш дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб ва намози ҷанозааш пеш аз намози пешин дар масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам баргузор шудааст.
Ҳамагӣ як сол пеш  дар Кӯлоб садсолагии ин мутриб ва хонандаи беҳамтои таронаҳои мардумиву мазҳабиро бо шукӯҳ таҷлил карда, ба ӯ ҷомаву тоқӣ пӯшонда буданд.

Неъматулло Тиллоев 1 январи соли 1921 дар гузари Шаҳид, ҳозира кӯчаи Чапаеви шаҳри Кӯлоб дар оилаи Азизов Тилло ба дунё омада, овони хурдӣ аз падару модар маҳрум мегардад ва чун фарзанди калонӣ тамоми вазнинии рӯзгори оила ба души ӯ меафтад.
Маҳз бо шарофати доштани овози фораму ҷарангосӣ ӯ бо устоди аввалинаш Чоли сурнайнавоз дар тӯю маъракаҳои мардум иштирок карда, соҳиби ризқу рӯзи мегардад. Қобилияти баланди сарояндагӣ ва навозандагиаш ӯро соли 1936 ба театри касбии имрӯза, ки ба номи шоир ва ҳофизи халқ Сайдалӣ Вализода гузошта шудааст, овард ва Қорӣ Неъматуллоҳ беш аз  аз панҷоҳ сол дар ин боргоҳи ҳунар фаъолият намудааст.
Неъматуло Тиллоев дар баробари сарварони аввали театри касбии шаҳри Кӯлоб Жорж Вилямс, Боиров Т, В. Смирнов, ҳунармандон; ҳофиз ва шоири халқ Сайидалӣ Вализода, Тӯйдӣ Бобиева, Саъдулло Каримов, Маҳмуд Султонов, Қодирҷон Шарифов, Сабоҳат Хоҷаева, Чол Одинаев, Абдулло Азизов ва Ҳалим Раҳимов аввалин поягузорони театри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.
Ҳанӯз соли 1945 дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» оид ба намоишномаҳои театри мазкур чунин сатрҳо сабт гардида буданд: «Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи театри Кӯлоб дар он аст, ки санъати он нисбати ҳамкорӣ бо шоиру сарояндагони маҳал ва устодони санъати халқ сурат мегирад.»
Беш аз 15 оҳанги устод Неъматуло Тиллоев таҳти унвонҳои “Сабти Сурнай”, “Соқиномаи Сурнай”, “Чамани ялла”, “Уфари дугоҳ”, “Уфари Сурнай”, “Ҷамҷама” ва дигар оҳангҳои эҷоднамудаи ӯ дар захираи тиллои Радиои Тоҷикистон сабт шудааст.
Қорӣ Неъматуллоҳро хурду бузурги Хатлонзамин, бахусус сокинони Кӯлобшаҳри бостонӣ ҳамчун ҳофиз, зарофатгӯй ва сурнайнавози машҳур мешинохтанду эҳтиром мекарданд.
“Бе муболиға метавон гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб хонаеро ёфтан душвор аст, ки шодравон Неъматулло дар тӯйи домодию арӯсии писар, духтар, набера ва ё ягон хеши наздики он хонавода бо навозиши ҷолиби сурнайи хеш иштирок накарда бошад. Соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб 100 солагии ин шахсияти нодир бо шукуҳи хосса ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҷашн хунёгар сурнай ба даст гирифта навохт ва ҳам ғазалеро замзама карда, нишон дод, ки ҳунари асил пирӣ ва хастагӣ надорад. Садои ҷаззобу ширинаш толори театри Вализодаро пур карда мужда аз ҳунари абадзиндаи миллати тоҷик дод. Навои сурнайи ӯ башорат аз тую сур медод. Рӯҳат шод ва хонаи охиратат обод бод, бобои Қорӣ Неъматулло”,  менависад “Пайк”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • crystal femi | Гости

    I really appreciate to read this blog it is very impressive and informative content. If you want to know how to use Apple pay at a Target self-checkout? Then, you can use Apple pay at a Target self-checkout counter. Target stores offer self-checkout counters. For complete info about this, I would suggest you can read one blog about target Apple pay. I hope it will be helpful for you.


  • crystal femi | Гости

    I really appreciate this wonderful post that you have provided for us. Are you getting frustrated because Snapchat keeps crashing issue? If yes, Then don't worry you are in the right place. Even though, I also suffered from this problem. Then I read one blog on web and then fix the crashing issue. So, from my experience, I would suggest you can read one blog about fix Snapchat keeps crashing issue, over there are some tips on how to stop it from happening on your iPhone. So, without wasting time immediately go through this article to fix the issue.


  • Jonas Nilsons | Гости

    Superb post. Thanks for sharing. What is waifu2x? Waifu2x is the tool for enlarging the images without any hesitation. This tool is also used as an image enlarger. With the help of this tool, you can resize any image. So, I hope it will guide you.

  • crystal femi | Гости

    I am really extremely glad to visit your blog. If you want to know does iCloud use storage on iPhone? If yes, Then Yes. Every iOS user gets around 5 GB of free iCloud storage. This means that you can only store 5GB of data on iCloud for free. For complete info about this storage, I would suggest you can read one article about iCloud storage on iPhone.


  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.