расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Фариштаи илму таълими Донишгоҳи миллӣ

. / Ҷомеа

Фариштаи илму таълими Донишгоҳи миллӣ

Ба ифтихори 85-умин солгарди зодрӯзи профессор Баҳриддин Камолиддинов

Профессор Баҳриддин Камолиддинов
Касоне, ки дар донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба пойи дарсу суҳбати профессор Баҳриддин Камолиддинов нишастаанд, ӯро ҷуз “Фариштаи илму таълим” ном дигаре нахоҳанд бурд.  Имрӯз, ки миқрози аҷал имкон надод аз 85-солагияшон бо ҳузури мубораки худашон таҷлили шоиста кунем, хостам чанд нуктаи мухтасарро рӯйи саҳфа бирезам. Сари фурсат ҳатман матлаби ҷудогонаву калоне хоҳам навишт. Зеро мардони бузург шоистаи бузургиянд!
Хушбахтона, барои ман ин шараф насиб шуда буд, ки бо ин устураи виқору мардонагиву ҷасорату илму таълим нишасту бархосте дошта бошам. Ҳам ба унвони шогирд ва ҳам ба унвони ҳамкор борҳову борҳо бо устод суҳбату баҳсу гуфтумон доштаам. Ҳосили ин ҳама нишасту бархост ин буд, ки мо шахсиятҳое чун ӯро бисёр кам дорем.
Устод Камолиддинов, бо дониш, бо салиқаи хосу либоспӯшии мураттабу бо назокати худ, бо симои тоҷикиву ҳусни худододии хеш, бо роҳгардии ба худ хосу бо шахсияти мунҳассир ба фардаш ва ниҳоят бо суханронии ғарро ва оҳанги гуфтори бисёр дилангези худ, рӯйи ҳар ҳамсуҳбаташ таъсир мегузошт. Инҳо буд, ки ӯро азизу муҳтарами ҳамаи шогирдону ҳамкорон карда буд.
Дар фарҳанги мо таъбире ҳаст бо номи “шаҳомати ахлоқӣ”. Ин таъбир бо тамоми ҷузъиёти илмиву фалсафияш ба шахсияту ҳайсияти профессор Камолиддинов сидқ мекард. Ҳатто мешавад гуфт, ки ин таъбирҳо хос барои ин гуна инсонҳо сохта шудаанд.
Профессор Камолиддинов дар риштае, ки тадрису таҳқиқ мекард, ба таъбири тазкиранависони қадим “ягонаи даврон” ва “аз фузалои рӯзгор” буд. Дар заминаи забони расонаҳо, ҳусни баён ва вижагии забони расонаҳои Тоҷикистон дар чанд соли ахир бунёдитарин асарҳоро навиштанд. Бо вуҷуди солмандӣ аз касоне буд, ки дар факултаи рӯзноманигорӣ пештар аз ҳама ба фанновариҳои навин даромехт ва имтиҳону дарсҳои худро ба таъбири маъмул хеле барвақт тестӣ карда буд.
Хонаводаи солим, фарзандони шоиста, ахлоқ ва фарҳанги баланди меросии эшон бар шахсияти мунҳасир бар фардашон афзуда буд. Ӯ аз устоди бошахсияте буд, ки ба пули донишҷӯ ниёз надошт. Шахсияти худро бар пояи ришваву бадномӣ насохта буд, балки бунёди шахсияташ илму таҳқиқ ва дониши камназираш буд. Бештари устодони бодонишу арзандаи донишгоҳҳои моро, мутаассифона тангии рӯзгор ниёзманди ду-се тангаи донишҷӯ кард ва шахсияташонро шикасту хатшадор кард. Ин буд, ки шубҳа дорам касе дар шабу рӯз вуҷуд дошта бошад, ки дар донишкадаи рӯзноманигорӣ таҳсил карда бошаду муаллимро азизу муҳтарам нашумурда бошад! Мешавад гуфт, ки устод Камолиддинов аз маъдуд касонест, ки душману бадбин надоштанд.
Устод бо фарзандону пайвандонАкс: аз Фейсбук
Дар соли дувуми таҳсил, ки устод Камолиддинов ба мо дарси наҳв (синтаксис)-и забон мегуфтанд, дарсҳояшон роҳати ҷон буд. Бо устод рӯйи нукоти муҳими забон баҳсҳои доғ мекардем. Аз ҷумла як рӯзе муаллим гуфтанд, ки дар забони мо, дар як вожа на бештар аз се ҳамсадо пушти ҳам меояд. Ман гуфтам устод, ин иддао шояд чандон қавӣ набошад.
Гуфтанд: чаро?
Гуфтам: агар лаҳҷаи ванҷиро марбути забони тоҷикӣ медонед, пас мо ин гуна калимаҳо зиёд дорем.
ГУфтанд: якеро бигӯй.
Ман ҳам пеши тахтаи синф омадаму навиштам: “бгрфтмш”. Ҳафт ҳамсадои пайи ҳам бидуни ҳеч садоноке. Устод чанд бор талош карданд, ки бихонанд, муваффақ нашуданду гуфтанд, бихон. Хондам. Муаллим хандиданду гуфтанд, ки ин ҷо садонокҳо уфтодаанд, вагарна вожа “бигрифтамаш” аст. Ман чанд вожаи дигари лаҳҷаамонро овардам: врск, хлдк, жмбқ, нжлк....
Боре дар дарс сари вазъи забон дар замони фанновариҳо суҳбат кардему як рӯзи дигар маро гирифта ба Кумитаи истилоҳоти Академияи илмҳо, пеши Толиби Розӣ бурданд ва гуфтанд, ки ин шогирди маро бигиру дар бахши забоншиносии роёнаӣ (компьютерная лингвистика) тарбият кун. Ман густохӣ кардаму гуфтам, ки устод ман забоншинос шуданӣ нестам, журналист мешавам... Устод бо шахсияти мунҳассир ба фарди худ, ин густохии моро пазируфтанд.
Устод аз шумули забоншиносе буданд, ки сари баҳси “тоҷикӣ” ё “форсӣ” номидани забонамон лағзиши мавқеъ доштанд. Ҳарчанд дар гуфтори расмӣ, баъзе суханрониҳо ва мусоҳибаҳояшон ҷонибдорӣ аз “забони тоҷикӣ” мекарданд, аммо дар суҳбатҳои худмонӣ ва дар аъмоқи дил бар форсӣ будани номи забонамон мушкиле надоштанд. Балки устод бештар ҷонибдори таъбирии форсии тоҷикӣ буданд. Устод бештар мухолифи онҳое буданд, ки номи тоҷикиро комилан қабул надоштанд.
Профессорон Камолиддинов ва Абдусаттор Нуралиев. Равони ҳар ду шодАкс: Суҳроб Зиё
Боре суол кардам, ки устод ҳоло дар расонаҳо таъбирҳои “Душанбешаҳр”, “Хуҷандшаҳр” ва мисли инҳо серистифода шудааст, чӣ назар доред? Гуфтанд аллома Ғафуров гуфтаанд, ки агар хоҳед бақои забонамонро таъмин кунем, онро бояд ҳар чи бештар ба услуби ҳамзабонанамон дар Эрони Афғонистон наздиктар кунем. Бори дигар дар Душанбе бояд як баҳси илмӣ мешуд, ки зарурати баргашт ба хатти форсӣ ҳаст ё не. Мо хостем устод Камолиддинов дар ин баҳс яке аз суханронҳои асосӣ бошад. Вале ба подармиёнии мо ҳеч мувофиқат накарданду худро бо ҳазорон баҳонаи он замон барои мо ночиз, вале ҳоло мудаллал, берун кашиданд.
Устод бештар ба риштаи илму таҳқиқи худ фурӯ мерафтанд, табиатан ба баҳсҳои калони миллӣ, ки ба таъбири худашон “сиёсатзада” шудаанд, ҳамроҳ намешуданд. Вале агар мешуданд, бо дипломатияи бисёр хоси худашон ин баҳсҳоро файсала мекарданд.
Осори устод дар мавзӯъҳое навишта шудаанд, ки мушкили рӯз буданд ва мо ба онҳо дақиқан ниёз доштем. Тақрибан ҳамаи асарҳояшон барои ҳалли мушкиле дар забоншиносии мо бахшида шудаанд. Илми мо имрӯз ба ҳамин гуна таҳқиқ ва асарҳо ниёз дорад. Ҷустори илмие, ки як мушкили миллати моро дар ин шабу рӯз ҳал накунад, пажизе арзиш надорад.
Умедворам мактаби илмии бошаҳомате, ки устод Камолиддинов бунёд гузоштанд, роҳравони вафодору шоистаи зиёде хоҳад дошт.
Равонатон шод, ҷоятон ҷаннат, устоди гаронмоя, фариштаи илму таълими Донишгоҳи миллӣ!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.