расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЭЪТИРОЗГАРОН ДАР БИШКЕК БИНОИ ПАРЛУМОН ВА ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТРО ИШҒОЛ КАРДАНД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҷаҳон

ЭЪТИРОЗГАРОН ДАР БИШКЕК БИНОИ ПАРЛУМОН ВА ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТРО ИШҒОЛ КАРДАНД (ВИДЕО)

Эътирозгарон дар шаҳри Бишкек шаби 5 ба 6 октябр бинои парлумон ва дастгоҳи президентро ишғол карданд. Дар аксу видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки дохили бино пур аз тазоҳургарон аст, ки аксҳои президент Сооронбой Жээнбековро зери по мекунанд.
Рӯзи 5 октябр дар маркази Бишкек тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, гирди ҳам омаданд. Бар асоси натиҷаҳои эълоншудаи интихоботи рӯзи 4 октябр, аз 16 ҳизб танҳо 4 ҳизб, асосан ҳизбҳои наздик ба ҳукумат соҳиби курсиҳои вакилӣ шудаанд.
Эътирозгарон талаб карданд, ки натиҷаҳои интихобот бекор карда шуда, дар кишвар интихоботи нав доир шавад.
Шоми 5 октябр нерӯҳои милиса тазоҳургаронро аз маркази Бишкек бо истифода аз водомёт ва дигар васоили вижа ронданд, вале тақрибан соати нӯҳи шаб мардум дубора майдони марказии Алатоо ва сипас бинои парлумон ва дастгоҳи президент, маъруф ба «Кохи сафед»-ро ишғол кард.
Манбаъ: https://rus.azattyk.org/a/30875773.html






 
Ин эътирозҳо дар пайи эълони натиҷаҳои интихоботи парлумониест, ки рӯзи 4 октябр дар Қирғизистон доир шуд. Барои 120 курсии вакилии Жогорку Кенеш, даъвати VII, ҳудуди 2000 номзад аз 16 ҳизб вориди рақобат шуда буд. Вакилони парлумони Қирғизистон танҳо тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб карда мешаванд.
Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ, танҳо 4 ҳизб тавонистанд садди 7-фоизаро убур карда, ба ҳайъати парлумон роҳ биёбанд:
«Биримдик» - 24,5%
«Мекеним Кыргызстан» - 23,88%
«Кыргызстан» - 8,76%
«Бутун Кыргызстан» - 7,13%.
12 ҳизби дигар аз парлумон берун монданд:
«Мекенчил» - 6,85%
«Республика» - 5,79%
«Ата Мекен» - 4,03%
«Ыйман Нуру» - 3,35 %
«Бир Бол» - 3,03%
«Чон казат» - 2,34%
«Замандаш» - 2,15%
«Социал-демократы» - 2,13%
«Реформа» - 1,65%
«Мекен Ынтымагы» - 0,63%
«Ордо» - 0,22%
«Партия ветеранов войны в Афганистане и участников других локальных боевых конфликтов» - 0,17%
«Против всех» проголосовало 1,79% пришедших на участки избирателей
Натиҷаҳои расмӣ ва ниҳоии интихобот бояд то ду ҳафта нашр шавад

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.