расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВМКБ даъвати сарбозонро дар як рӯз 103% иҷро кард

. / Ҷомеа

ВМКБ даъвати сарбозонро дар як рӯз 103% иҷро кард

Сурат: Дафтари матбуоти ВМКБ
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бори аввал дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба артиш нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят 103% иҷро кардааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" сухангӯйи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод. 
Иҷрои нақшаи саду се дарсадии вилоят дар ҳолест, ки солҳои гузашта иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар бархе аз ноҳияҳои ин вилоят ва шаҳри Хоруғ аз мушкилоти асосӣ буд. 
Ба гуфтаи Ғолиб Ниятбеков имрӯз 241 ҷавони бадахшӣ, тайи як маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов ба хидмати Ватан гусел карда шуданд. Бино ба маълумоти ҳукумати ВМКБ ҳоло ноҳияи Дарвоз 100%, Мурғоб 112%, Роштқалъа 100%, Рӯшон 100%, Хоруғ 100%, Шуғнон 106%, Ишкошим 110% ва ноҳияи Ванҷ 100%-и нақшаи даъватро иҷро кардаанд, ки ба ҳисоби умумӣ дар сатҳи вилоят 103%-ро дар бар гирифтааст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.