расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Даргузашти “Алии беангушт”, фармондеҳи собиқи мухолифини тоҷик

. / Ҷомеа

Даргузашти “Алии беангушт”, фармондеҳи собиқи мухолифини тоҷик

Алӣ Ҳалимов, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои опозитсияи тоҷик (ИНОТ), аз олам даргузашт

Вай яке аз фармондеҳоне буд, ки ҳам дар сафи мухолифин ҷангид ва ҳам бо ҳукумат канор омада, анҷоми вазифаи давлатиашро анҷом дод.

Рамзиддин Шамсиев, як сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ки Алӣ Ҳалимовро мешинохт, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф субҳи рӯзи 29 декабр, дар пайи як бемории кӯтоҳ дар деҳаи собиқ хоҷагии Ленинград, ҳоло Тоҷикободи ноҳияи Шаҳритӯс вафот кардааст.

«Наздиконаш гуфтанд, ки касал буду аммо зиёд эътибор намедод. Ҳам қанд дошту ҳам осеби сутунмуҳра. Рӯзҳои ахир дардаш бештар хуруҷ карда, бистарӣ шуда буд», — гуфт ӯ.

Алӣ Ҳалимов ҳудуди 68 сол дошта, дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ғарм (ҳоло Тоҷикобод)-и вилояти Хатлон ба дунё омада буд.

Дар замони гирудорҳои сиёсиву низомии солҳои 90 — уми Тоҷикистон ба сафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) пайваста, соли 1992 ба Афғонистон фирор кард. Дар Афғонистон ӯ фармондеҳии як гуруҳи кӯчаки размандагони мухолифинро раҳбарӣ мекард.

Пас аз 5 сол дар пайи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ИНОТ ба ватан баргашта, ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пайваст.

Аз ҳамон сол то 2014 дар вазифаҳои мухталифи қисмҳои низомии марзбонии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлону Суғд ифои вазифа карда, то рутбаи полковникӣ расид ва бознишаста шуд. Вай яке аз он фармондеҳони мухолифини собиқ буд, ки тавонист пас аз шомил шудан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то охир кор карда, хизматро ба поён расонад.

Қабл аз ӯ, фармондеҳони маъруфе, назири Мирзо Зиёев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ҳалим Назаров ва даҳҳо нафари дигар ё кушта, ё зиндонӣ шуданд.

Ҳамзамон ба далели набудани се ангушти дасти росташ, ки дар пайи кор бо арраи барқӣ аз даст дода буд, ӯро «Алӣ Беспалий» ё «Алии Беангушт» лақаб ниҳода буданд. Вай он замон дар мағозаи асбобҳои рӯзгори шаҳраки Шаҳритӯс кор мекард.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.